sebiston july new
Ҷойҳои кории холӣ дар Русия
429


Хонандагони азиз! Бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати пайдо намудани кор дар хориҷи кишвар ёрии амалӣ расонидан, сомонаи “Оила” рӯйхати ҷойҳои холии кориеро, ки ширкатҳои расмии бо интиқоли муҳоҷирон сарукордошта пешниҳод менамоянд, нашр мекунад.

Аз ин силсила номгӯйи ҷойҳои кориро дар Русия манзуратон мегардонем, ки ҶДММ “Шариф-асри нав” пешниҳод кардааст.
Телефон барои тамос: 888884300 - Суҳроб Тошев, директори ҶДММ “Шариф-асри нав”

                 1. Кор дар меҳмонхона
Кор дар меҳмонхонаи соҳили Баҳри сиёҳ, дар шаҳри Лазаревское (наздикии шаҳри Сочи) Россия.
Талаб карда мешавад:
3 зан ва 1 марди аз 25 то 45 сола.
Вазифа:
Занон- тамиз кардани ҳуҷраҳои меҳмонхона.
Мард-нигоҳубини дарахтон ва тозакунии атрофи меҳмонхона.
Музди меҳнат: 55 000 рубл дар як моҳ
Роҳкиро аз Душанбе то Сочи аз ҳисоби коргар, маблағи патентро корфармо пардохт менамояд. (Бо боздоштан аз музди меҳнати)
Коргарон бо ҷойи зист ва хурду хӯрок аз ҳисоби корфармо таъмин карда мешаванд.

        2. Ронанда-борфарор (погрузчик) дар шаҳри                                  Смоленск
Кор дар корхонаи коркарди моҳии шаҳри Смоленск.
Вазифа: Бор кардан ва фаровардани бор ба автокар ва дигар корҳо.
Синну сол: Аз 18 то 35 сола.
Талабот: Маҳорати баланди истифода бурдани корд.
Реҷаи корӣ: 6/1, соати корӣ 12 соат дар як шабонарӯз+1 соат вақт барои хӯроки нисфирӯзӣ.
Коргарон дар хобгоҳ 4 нафарӣ ба таври ройгон зиндагӣ мекунанд. Маблағи патентро корфармо пардохт менамояд.
Музди меҳнат: на камтар аз 60 000 рубл дар як моҳ.

          3. Кор дар анбори шаҳри Благовещенски                                    Федератсияи Россия
Музди меҳнат: аз 59 800 рубл то 64 400 рубл дар як моҳ
Реҷаи корӣ: 6/1.
Соати корӣ: 10 соат дар як шабонарӯз+1 соат вақт барои хӯроки нисфирӯзӣ.

Коргарон расман ба кор гирифта шуда, барояшон дафтарчаи меҳнатӣ кушода мешавад. Корфармо коргаронро бо хобгоҳ ва либоси корӣ таъмин намуда, мошини корхона саҳар онҳоро то ҷойи кор ва бегоҳ ба хобгоҳ мерасонад.

Барои хурду хӯроки коргар корхона ҳар рӯз 500 рубл ҷудо мекунад.
Роҳиро аз Душанбе то Маскав аз ҳисоби коргар ва аз Маскав то
Благовещенск аз ҳисоби корфармо.
Маблағи патентро корфармо медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД