formula
Ҷойҳои корӣ дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ
401

Бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар пайдо намудани кор дар хориҷи кишвар ёрии амалӣ расонидан, сомонаи "Оила" рӯйхати ҷойҳои холии кориро, ки ширкатҳои расмии бо интиқоли муҳоҷирон сару кор дошта пешниҳод менамоянд, нашр мекунад.

Аз ин силсила номгӯйи ҷойҳои кориро дар Русия манзуратон мегардонем, ки ҶДММ “Шариф-асри нав” пешниҳод кардааст.

1. Техноголи озуқаворӣ дар заводи моҳии шаҳри Смоленск

Вазифаҳо: Назорат кардани раванди истеҳсоли маҳсулот-моҳӣ. Талабот: Доштани маълумоти олӣ. Кормандон аз ҷониби корхона бо хобгоҳи ройгон ва либоси корӣ таъмин карда мешаванд. Арзиши патент 5720 рубл. Ин маблағро корхона пардохт мекунад. Ҳуҷҷатгузорӣ ва роҳкиро аз ҳисоби корфармо. (Бо боздоштан аз музди меҳнат). Давраи санҷишӣ 90 рӯз 190 рубл дар як соат, вале на камтар аз 60 000 рубл дар як моҳ. Реҷаи корӣ: 6/1. Музди меҳнат: аз 60000 то 100000 рубл дар як моҳ.

2. Ронандаи автокран дар шаҳри Новый Уренгойи Русия

Талабот: Доштани ҳуҷҷати ронандагии мошинҳои борбардор (автокран) бо категорияи 5. Ҳуҷҷати ронандагӣ бо категорияҳои ВСDE, донистани забони русӣ. Таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол дар автокрани 25 т. Синну сол: то 50-сола.
Роҳкироро корфармо пардохт мекунад (бо боздоштан аз музди меҳнат) Коргарон бо хобгоҳи ройгон ва 3 вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Давомнокии басти корӣ: 11 соат дар як шабонарӯз. Реҷаи корӣ: усули вахтавӣ, 5 моҳ кор+1 моҳ рухсатии меҳнатӣ. Дар маҷмӯъ 52 рӯзи календари рухсатии меҳнатии пардохтшаванда дода мешавад. Музди меҳнат: 104 000 рубл дар як моҳ.

3. Ронанда-экспедитор бо категорияҳои С, D, Е

Синну сол то 50-сола. Талаботҳо: Доштани ҳуҷҷати ронандагии категорияҳои С,D,E, Донистани забони русӣ
Таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол аз рӯйи категория. Вазифа: Боркашонӣ ва бурдану овардани кормандон ба кор.
Роҳкироро корфармо пардохт мекунад. (Бо боздоштан аз музди меҳнат) Коргарон бо хобгоҳи ройгон ва 3 вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Реҷаи корӣ: усули вахтавӣ, 5 моҳ кор+1 моҳ рухсатии меҳнатӣ. Дар маҷмуъ 52 рӯзи календари рухсатии меҳнатии пардохтшаванда дода мешавад. Соати корӣ: 11 соат дар як шабонарӯз.
Музди меҳнат: 86 000 рубл дар як моҳ.

Телефон барои тамос: 888884300 - Суҳроб Тошев, директори ҶДММ “Шариф-асри нав”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД