arzon replenishment
Ойнагул Ҷонмирзоева барои муносибати бераҳмона бо кӯдакон ҷазо мебинад
536

Кормандони мақомоти милитсияи Хатлон аз боздошти як зан барои муносибати бераҳмона нисбати набераҳои хурдсолаш хабар додаанд.

Ойнагул Ҷонмирзоева сокини деҳаи Фрунзеи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, аз ҷониби кормандони милитсияи хатлон барои муносибати бераҳмона бо кӯдакони хурдсол боздошт шудааст.

Бино ба иттилои РВКД Хатлон Ҷонмирзоеваи 54-сола набераҳои хурдсолашро пайваста ранҷу озор дода, нисбати кӯдакон муносибати бераҳмонаро раво медидааст.

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз қабл навори латукӯби кӯдакон аз ҷониби бибиашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, сарусадоҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Кормандони мақомоти милитсия дар Хатлон ба ин навор вокуниш нишон дода, зани дар навор тасвирёфта Ойнагул Ҷонмирзоеваро боздошт намуданд. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дошта, сабаби бо набераҳои худаш чунин бераҳмона муносибат намудани ин зан муайян карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД