Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ назарашро дар бораи кам шудани барномаҳои ҳаҷвӣ баён намуда, гуфт, ки ҳаҷв дар фарҳанги тоҷик ҷойгоҳи хоса дорад, аммо имрӯз рушди ин жанр бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Ба гуфтаи вазир, баъди даргузашти устодони шинохтае чун Убайдулло Раҷабов, Аловуддин Абдуллоев, Бахтиёр Раҳимов ва дигар ҳунармандони ҳаҷв, холигии бузурге дар саҳна эҳсос мешавад.
Вазир таъкид кард, ки имрӯз овардани ҳаҷве ба саҳна, ки ҳам мардумро хандонад ва ҳам маънои тарбиявӣ дошта бошад, кори осон нест. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати фарҳанг монеае барои иштироки ҳаҷвнигорон дар чорабиниҳои давлатӣ надорад ва аз ҳунармандоне, ки дорои мазмуни баланду ҳаҷви солиманд, истиқбол мекунад. Аммо сабаби асосии камшавии саҳначаҳои ҳаҷвӣ, ба назари масъулин, бештар ба камбуди асарҳои дорои сифати баланди адабию ҳунарӣ вобаста аст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои пеш саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар чорабиниҳои расмӣ ҳузури фаъол доштанд. Ҳунармандоне чун Убайдулло Раҷабов, Аловуддин Абдуллоев, Муқимҷон Абдуфаттоев, гурӯҳҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, “Ғарибшо-кампания” ва дигарон дар барномаҳои давлатӣ иштирок мекарданд. Онҳо дар ҳузури роҳбарият ва аъзои ҳукумат низ аз мушкилоти рӯзгор, фасод, хешутаборбозӣ, мушкилоти муҳоҷират, сарбозшикор ё “облава” ва дигар дардҳои ҷомеа бо забони ҳаҷв ҳарф мезаданд. Имрӯз чунин саҳнаҳо кам ба назар мерасанд.
Бинобар ин, суоле сар мезанад, ки чаро чунин холигоҳ ба вуҷуд омадааст?
Як гурӯҳ масъаларо дар паст шудани сатҳи муҳтавои ҳаҷв мебинад. Ба гуфтаи бархе аз ташкилкунандагони чорабиниҳои давлатӣ, имрӯз саҳначаҳои ҳаҷвии касбӣ, дорои матни қавӣ, мавзӯи иҷтимоӣ ва иҷрои баланд кам шудаанд. Бисёр саҳнаҳо ё такрори мавзуъҳои куҳнаанд, ё ба шӯхиҳои сабуку интернетӣ монанд мешаванд. Дар чунин ҳолат, масъулин аз ворид кардани онҳо ба барномаҳои расмӣ худдорӣ мекунанд.
Худи ҳаҷвнигорон низ борҳо гуфтаанд, ки онҳоро ба чорабиниҳои расмӣ даъват намекунанд, эфирҳои телевизионӣ барои онҳо кам шудааст, ки ин боиси ақибмондагии ҳаҷв шудааст. Марҳум Бахтиёр Раҳимов ду соли пеш дар як мусоҳиба бо таассуф гуфта буд, ки сохторҳои расмии фарҳангӣ ҳаҷвро фаромӯш кардаанд ва ҳаҷвнигоронро ба ҳоли худ гузоштаанд. Ӯ вазъи ҳаҷви касбиро дар кишвар хеле нигаронкунанда арзёбӣ карда, гуфта буд: “Ҳаҷв мурдаву ханда дар мотамаш нишастааст”.
Муқимҷон Абдуфаттоев, роҳбари театр-студияи “Хандинкамон”, низ чанде пеш аз кам шудани майдонҳои ҳунарӣ барои ҳаҷвнигорон нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, вақте саҳнаҳои калон, барномаҳои доимии телевизионӣ ва фазои эҷодӣ маҳдуд мешавад, ҳунарманд тадриҷан аз эҷоди асарҳои ҷиддӣ дур мемонад. Ҳаҷв бе саҳна, бе тамошобин ва бе фармоиши эҷодӣ рушд карда наметавонад.
Дар ин миён телевизион низ нақши муҳим дорад. Солҳои пеш барномаҳои ҳаҷвӣ тамошобини зиёд доштанд. Имрӯз бошад, шабакаҳои телевизионӣ бештар саҳнаҳои бойгониро пахш мекунанд... Мушкили дигар набудани мактаби ҳаҷвнависист. Ҳаҷв танҳо истеъдоди фитрӣ нест. Барои ҳаҷви хуб матннавис, коргардон, муҳаррир, актёр, мусиқӣ, саҳна ва машқ лозим аст. Устодоне чун Убайдулло Раҷабов ва Аловуддин Абдуллоев на танҳо ҳунарманд, балки мактаб буданд. Онҳо забони ҳаҷв, ритми саҳна ва ҳадди танқидро медонистанд. Баъди рафтани чунин чеҳраҳо, воқеан фазои ҳаҷв камранг шудааст. Инак, бо рафтани Бахтиёр Раҳимов ин холигоҳ бештар эҳсос мешавад.
Имрӯз бисёре аз ҷавонон ба ҳаҷв тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешаванд. Ин раванд, аз як тараф, имконият аст, зеро интернет ба ҷавонон минбар медиҳад. Аммо аз тарафи дигар, ҳаҷви интернетӣ аксаран зудгузар, сатҳӣ ва вобаста ба “лайк” аст. Он метавонад мардумро барои чанд сония бихандонад, вале на ҳамеша дорои мазмун, драматургия ва таъсири тарбиявист. Ҳаҷви саҳнавӣ бошад, масъулияти бештар талаб мекунад.
Яке аз сабабҳои дигари камранг шудани ҳаҷв метавонад эҳтиёткории аз ҳад зиёд бошад. Ҳаҷв табиатан танқид дорад. Агар аз танқид тарс вуҷуд дошта бошад, ҳаҷв безарар, сунъӣ ва беранг мешавад. Ҳаҷве, ки танҳо барои ханда бошаду чизеро нишон надиҳад, зуд фаромӯш мешавад. Ҳаҷви воқеӣ бояд дард дошта бошад, аммо онро бо завқ, ҳунар ва фарҳанг баён кунад.
Барои эҳёи ҳаҷв чӣ бояд кард?
Якум, пеш аз ҳама, бояд мактаби ҳаҷвнависӣ ва коргардонии ҳаҷвӣ дубора фаъол шавад. Театрҳо, телевизионҳо ва Вазорати фарҳанг метавонанд озмунҳои матни ҳаҷвӣ, фестивалҳои ҳаҷв, лабораторияҳои эҷодӣ ва барномаҳои омӯзишӣ ташкил кунанд. Ҳунармандони ҷавон бояд аз устодони зиндаи саҳна омӯзанд, на танҳо аз интернет.
Дуюм, телевизион бояд барои ҳаҷв майдони доимӣ фароҳам кунад. Агар барномаҳои ҳаҷвӣ пайваста сабт ва пахш шаванд, ҳам тамошобин бармегардад, ҳам ҳунармандон ба эҷоди пурмаҳсул машғул мешаванд.
Сеюм, ниҳодҳои фарҳангӣ бояд бо ҳаҷвнигорон пайваста кор кунанд, на танҳо дар арафаи идҳо.
Чорум, худи ҳаҷвнигорон низ бояд масъулияти бештар эҳсос кунанд ва ҳаҷви бомаънӣ ба тамошобин пешкаш намоянд.