Сӯми Ӯзбекистон дар рӯйхати заифтарин пули ҷаҳон дар мақоми ҳафтум қарор гирифтааст. Ин феҳристро расонаи “Forbes Advisor” таҳия кардааст.
Нашрия навиштааст, ки бо 1 сӯми Ӯзбекистон метавонед 0,000087 доллари амрикоиро харед, яъне 1 доллари ИМА ба 11 ҳазору 516 сӯм баробар аст (ин нишондод то таҳияи маводи “Forbes Advisor”).
“Ӯзбекистон яке аз содиркунандагони пешбари ҷаҳонии пахта буда, дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок ва нафту газ мебошад. Мамлакат ислоҳоти иқтисодиро амалӣ карда истодааст, аммо муборизаро бо рушди пасти иқтисодӣ, сатҳи баланди таваррум, бекорӣ ва фасод идома медиҳад”,-зикр кардааст “Forbes Advisor”.
Бояд гуфт, ки риёли Эрон дар феҳристи мазкур заифтарин асъор дар ҷаҳон эътироф шудааст. Шумо метавонед бо 1 риёл 0,000024 долларро харед ё барои 1 доллар 42,273 риёл диҳед. Эрон дар халиҷи Форс миёни Ироқ ва Афғонистон ҷойгир аст ва содиркунандаи пешбари нафту гази табиӣ дар ҷаҳон мебошад. Бо вуҷуди ин, таҳримҳои иқтисодӣ дар баробари нооромиҳои сиёсӣ ва таваррум ба пули Эрон фишор овардаанд.
Мақоми дуюмро донги ветнамӣ - 23 ҳазору 711 барои 1 доллар ва кипи Лаос - 19 ҳазору 72 ба 1 доллар мақоми сеюмро гирифтанд. Ба даҳгонаи заифтарин асъор, инчунин, нархи леони Серра-Леона, рупияи Индонезия, фунти Лубнон, франки Гвинея, гуарани Парагвай ва шиллинги Уганда дохил мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 21-уми июл нархи як доллари амрикоиро 11 ҳазору 592 сӯм муайян кардааст. Барои таносуб, тибқи қурби расмии муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон 1 доллар баробари 10 сомониву 91 дирам аст.