Мегӯянд, ки дар намози шом дуои дароз нахонед. Фаҳмидан мехостам, ки дар вақти намози шом хондани “Оятул-курсӣ” дуруст аст?
Алишер, шаҳри Душанбе.
Посухи домулло Ҷамлиддини Хомӯш
Тибқи ҳадиси шариф хондани “Оятул-Курсӣ” пас аз ҳар намоз мустаҳаб аст, агар баъд аз намози шом фурсат бошад, хонданаш боиси аҷру савоби бисёр аст.