Ориёна Саид, ровӣ ва овозхони 36-солаи афғон, баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати террористии “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳамроҳи шавҳараш Афғонистонро тарк кардааст.
Онҳо яке аз аввалин нафароне буданд, ки рӯзи чоршанбеи 18-уми август бо ҳавопаймои боркаши Амрико тарки Ватан карданд. Овозхон ва шавҳараш нахуст ба Қатар ва аз он ҷо ба Туркия парвоз кардаанд. “Ман зинда ва саломатам. Пас аз якчанд шаби фаромӯшнаванда, ниҳоят ба Доҳа, пойтахти Қатар расидам. Ҳоло хатсайри Истанбулро интизорам, то ба хонаам баргардам”,-навиштааст Ориёна дар Инстаграм ва баъдтар хабар додааст, ки соқу саломат ба хонаашон расидаанд. Ориёна Саид яке аз машҳуртарин овозхонҳои Афғонистон буда, бахши афғонии шоу-барномаи “The Voice”-ро ровигӣ ва ҳакамӣ мекард.
Иштирокчии чандин озмуну консертҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Шумораи обуначиёнаш дар шабакаи Инстаграм бештар аз як миллион аст ва овозхон ваъда додааст, ки баъди ба хонааш расидан, ба онҳо дар бораи ҳодисаҳои Кобул ҳатман нақл хоҳад кард. Ориёна ҷонибдори артиши Афғонистон буд ва то ба сари қудрат омадани “Толибон”, аз ҳукумати кишвараш пуштибонӣ мекард. Ӯ соли 2018 бо менеҷераш Ҳасиб Саид издивоҷ кард ва шавҳараш ҳамеша ҳамроҳаш аст.