Sebiston new 2024 october
Овозхоне, ки дар Суғд ба дунё омада, дар Русия калон шуд
882

Мадина Ақназарова ҳоло ситораи машҳур аст дар фазои эстрадаи тоҷик. Ин бонуи ҳунар 15-уми феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст, ҳарчанд падару модараш зодагони Бадахшонанд.

Мадина дар хонавода фарзанди ягона аст. Замони чорсола буданаш хонаводаи ӯ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия кӯчиданд ва пас аз ду сол онҳо ба вилояти Суғди Тоҷикистон баргаштанд. Мадина ду соли аввали таҳсилро дар яке аз мактабҳои шаҳри Бӯстон хондааст. Дар замоне, ки ӯ мактаби ибтидоӣ мехонд, волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд.

Пас аз хатми синфи 2 онҳо дубора ба Санкт-Петербург кӯчиданд. Мадина то синфи 9 дар мактаби №596-и ин шаҳр таҳсил кард. Соли 2014, пас аз хатми синфи 9, бо маслиҳати бобояш ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, ба шуъбаи академӣ (опера), рафт ва онро бо хубӣ хатм кард. Сипас, таҳсилашро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон идома дод.

То имрӯз Мадина барномаҳои консертиашро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Петербург баргузор кардааст. Ӯ соли 2017 дар саҳнаи тоҷик бори аввал баромад кард ва зуд дар дили мухлисон ҷо гирифт. Ҳоло сурудҳои дугонааш бо мубориз Усмонов номи ӯро дар феҳристи сарояндаҳои ҷустуҷӯшаванда дар интернет дар ҷойи аввал гузоштааст ва шумораи бинандаҳояш ҳам бештар аз 10 миллион аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД