sebiston july new
"ОТРАВЛЕНИЕ"-ЗАҲРОЛУДШАВӢ САБАБҲОИ ИСЁНИ ҶИСМ ВА РОҲҲОИ ОРОМ КАРДАНИ ОН
1140

 

Заҳролудшавии ҷисм асосан бар асари хӯрдани ғизоҳои вайроншуда, махсусан гӯшт, тухм, консерва, торту шириниҳо ва меваю сабзавоти ношуста сар мезанад.

Вақте ки шумо маҳсулоти мӯғҳлаташ гузаштаи турш ва вайроншударо мехӯред ё бо дастони ифлос меваю сабзавоти ношустаро ба даҳонатон меандозед, микроб ва бактерияҳои зиёновар ба организматон роҳ меёбанд ва ин меҳмонҳои ба чашм ноаён дарҳол ба харобкорӣ сар мекунанд. Дар натиҷа ҷисми шумо заҳролуд шуда, исён мебардорад. Дар чунин ҳолат ба бемор чӣ гуна ёрӣ расондан мумкин аст ва кай бояд “ёрии таъҷилиро” даъват намуд? Бисёриҳо ба ин савол ҷавоби дуруст дода наметавонанд ва вақте яке аз наздиконаш заҳролуд мешавад, чи кор карданашро надониста, дасту по мехӯрад. Барои он ки ба чунин ҳолати ногувор наафтед, мо ба шумо чанд маслиҳати судманд медиҳем.

Нишонаҳои заҳролудшавӣ

Барои то кадом андоза хавфнок будани заҳролудшавиро фаҳмидан ба нишонаҳои беморӣ, ки тахминна баъди ду соати хӯрдани ғизо аз худ дарак медиҳанд, ҳамият додан лозим аст. Маъмулан вақте ки ҷисми инсон заҳролуд мешавад, бемор:
1. Худро бисёр хастаю лакот ва беқувват эҳсос менамояд,
2. Дилаш беҳузур шуда, хӯроки хӯрдаашро қайъ кардан мегирад,
3. Шикамрав шуда, тез-тез ба ҳоҷатхона меравад,
4. Фишори хунаш пасту баланд шудан мегирад,
5. Ҳарорати баданаш баланд шуда, таб мекунад,
6. Беморро табларза мегирад,
7. Сараш чарх зада, пеши чашмонаш сиёҳ мешаванд.

Чи бояд кард?
Бо мушоҳида намудани ин ҳолатҳо ба даҳшат наафтода, беморро рӯйи бистар хобонед вадар хона ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расонед. Агар аз лаҳзаи заҳролудшавӣ камтар аз ду соат вақт гузашта бошад, дарҳол як ҷошуқ содаи ошхӯриро дар 1, 5-2 литр об ҳал карда, онро ба бемор нӯшнед, сипас маҷбур кунед, ки дасташро ба даҳон андохта, худро ба қайъкунӣ водор намояд. Бо ҳамин роҳ шумо ба осонӣ боқимондаҳои ғизои вайроншударо аз меъдаи мариз берун карда, ба зудтар беҳтар шудани ҳолу аҳволаш месоидат хоҳед кард. Пас аз нӯшидани оби содадор ба бемор “Регидрон” ва доруи “Активированный угол” додан лозим аст, то рӯдаҳо тоза шаванд.

Дар сурати аз байн гузаштани 3-4 соат ба бемор танҳо доруҳоеро додан лозим аст, ки рӯдаҳоро тоза мекунанд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ба мариз барои манъ кардани дарунрав ва қайъкунӣ дорӯ надиҳед, зеро чунин давоҳо ба раванди аз ҷисм берун шудани токсинаҳо монеъа эҷод менамоянд. Антибиотик хӯрдан низ дар чунин ҳолатҳо беҳуда аст.

Ёрии таъҷилиро даъват намоед, агар...
Маслиҳатҳое, ки мо додем, танҳо ба он одамоне дахл доранд, ки ҷисмашон пурқувват буда, ба муқобили заҳролудшавӣ мубориза бурда метавонад. Дар сурати заҳролуд шудани кӯдакони хурдсол ва мӯйсафедон ҳатман ба духтур муроҷиат намудан лозим аст, чунки иммунитети ин тоифа хеле заиф буда, заҳролудшавӣ оқибатҳои нохуш ва ногуворро ба вуҷуд варда метавонад.

Ҳолатҳое низ мешаванд, ки ҳатто ҷисми одами хеле ҷавон, ки зоҳиран пурқувват менамояд, ба муқобили заҳролудшавӣ мубориза бурда наметавонад. Дар сурати ба назар расидани ин аломатҳо ҳатман ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед:
1. Бемор аз ҳеҷ сокит нашудани дарди шикамаш шикоят мекунад,
2. Таббаш ҳатто бо дорӯ ҳам намефарояд,
3. Қайъкунии бемор қатъ намешавад,
4. Шикамаш дамиш карда, мисли доира топ-топ мекунад,
5. Сафедии чашмони бемор ранги зардро мегирад.
Дар чунин ҳолатҳо сода ва давоҳои халқи мадад намерасонанд, бинобар ин, бемор бояд ҳатман зери назари табибон бошад ва табобати ҷиддӣ бигирад, то ҷимаш аз заҳролудшавӣ наҷот ёбад.Пас аз заҳролудшавӣ чи хӯрдан мумкин?

Дар сурати чандон сахт набудани заҳролудшавӣ маъмулан баъди расонидани ёрии нахустин ҳиста-ҳисат қайъкунӣ ва дарунрав манъ шуда, табби бемр мефарояд, табларзааш мемонад ва ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ меорад, вале барои пурра ба худ омадани ҷисми заҳролуд гашта ду-се рӯз вақт лозим аст. Аз ҳамин хотир эҳтиёткорона рафтор кардан лозим аст, то ҷисми бемор дубора исён накунад. Беҳтар аст, ки баъди манъ шудани қайъкунӣ ва дарунрав бемор ду-се соат умуман хӯрок нахӯрад, то ки меъдааш каме ором бигирад.

Пас аз ин кам-кам хӯрок хӯрдан мумкин аст, вале ба бемор набояд ғизоҳои сахт ва бирёнӣ дод. Шумо метавонед дар оғоз ба мариз нони хушк-сухарик ва ё як пора нон-хлеби сиёҳ диҳед, сипас каме биринҷро дар об ҷӯшонда ба бемор хӯронед. Фаромӯш накунед, ки баъди заҳролудшавӣ нӯшидани арақ ва дигар нӯшокиҳои спиртӣ ва хӯрдани хӯрокҳои ширӣ мумкин нест.

Бори дига такрор мекунем, ки тавсияҳо мо танҳо ба дамони ҷавон ва иммунитеташон пурқувват дахл доранд ва дар мавриди заҳролуд шудани пиронсолон ва кӯдакони хурдсол ҳатман ва фавран ба духтур муроҷиат намудан лозим аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД