Sebiston new 2024 october
Қотилу таҷовузгари духтачаи 9 соларо ҳукми абад доданд!
2023

Болтахонов  бо мақсади фош нашудан ва руйпӯш намудани ҷиноят, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи Бобокалонова М.М-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ ӯро ба қатл мерасонад. Ҷасади кӯдакро бошад дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ медорад.

Дар ин бора Прокуратураи генералӣ хабар додааст. Дар бара омадааст, ки сокини ноҳияи Хуросон Рустам Болтахонов дар ин ҳодиса гунаҳкор дониста ва ба ҳукми абад маҳкум шудааст.

Тавре додситонии кулл навиштааст, Рустам Болтахонов 16 августи соли 2021 тахминан соатҳои 12:20 дақиқа дар ҳолати мастӣ, духтараки 9 сола Бобокалонова М.- ро, ки бо дучарха машғули бозӣ будааст, дида бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш ворид намудааст.

Сипас дар дохили ҳуҷраи истиқоматиаш ба Бобокалонова М.М. 10  сомонӣ ва ҳаргуна маҳсулоти хӯрокаи кӯдакона дода, нисбати ӯ ҳаргуна ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад.

Аммо Болтахонов бо ин қонеъ нашуда духтаракро таҷовуз мекунад, ки дар натиҷа духтарак аз ҳуш меравад. Вақте ба худ меояд гиря карда мегӯяд, ки ҳамаашро рафта ба модараш нақл мекунад.

Болтахонов  бо мақсади фош нашудан ва руйпӯш намудани ҷиноят, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи Бобокалонова М.М-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ ӯро ба қатл мерасонад. Ҷасади кӯдакро бошад дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ медорад.

Сипас тахминан соати 21-22 ӯ ҷасади хурдсол Бобокалонова М.М-ро аз ҳавлиаш бароварда, ба дохили ҷуйбори сементии (латок) обгузар, ки дар куча дар рӯ ба рӯи дарвозаи ҳавлиаш ҷойгир аст партофтааст.

Суди вилояти бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,л”, 138 қисми 3 банди “а” ва 139 кисми 4 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ҷазои ниҳои дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД