Formula novemver 2024
Қотилони Алиризо аз 17 то 19 солӣ ҳукм гирифтанд
1998

Дар қатли Алиризо Худоёров сокини 21 солаи ноҳияи Рашт Суди олии Тоҷикистон ду нафарро маҳкум ба зиндон кард.

Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризо, рӯзи 7-уми январ гуфт, "Абдулло Азимов 17 сол ва Зафарҷони Насриддин 19 солро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳанд кард."

Суди олӣ ҳукмро расман шарҳ надодааст. Мавқеи пайвандони маҳкумшудаҳо низ маълум нест, аммо дар гузашта кӯшиши ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро беасос дониста буданд.

Зубайдулло Худоёров, падари Алиризо, рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд "ҳукм сабук аст", онро мепазиранд. Ӯ ҳамзамон афзуд, "норозигии мо аз он аст, ки дар қатли Алиризо чанд каси дигар даст доранд, аммо ҳанӯз ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд."

Ҷасади Алиризо Худоёров, донишҷӯйи Донишгоҳи Раштро субҳи 13-уми июли соли 2021 дафн карданд. Вай бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД