arzon replenishment
ҚОТИЛИ МОДАРАМ ШУДАМ
3975

 

 

...Борон ҳам авҷ гирифт, берун зулмат шуд, қасар-қусуркунон раъду барқ мезад. Боз садои модарам шунида шуд. Ба чашмам санги калоне афтид ва тез ба пушти он гузашта, пинҳон шудам. Модари солхӯрдаам омада, маро баланд-баланд фарёд кард. Овозашро шунидам, вале худро нишон надодам. Мақсадам тарсонидани модарам буд, то ки дигар ёди хонаи пешинааш накунад, маро ғам надиҳад. Модарам “Иқбол, Иқбол, Иқбол” гуфта, аз ин сӯй ба он сӯй давида, маро меҷӯст...

Мино зани Шаҳриёр Давлатов мешавад?

...Шунидам, ки Шаҳриёр Миноро дӯст дошта, ба ӯ хостгор шудааст. Баробари шунидани ин хабар дуд аз димоғам баромад. Наход Шаҳриёре, ки ман аз ҷонам бештар дӯсташ медорам, ошиқу хостгори нафари дигар бошад? Медонам, ман ҳеҷ гоҳ ба висоли Шаҳриёр расида наметавонам, аммо намехоҳам, ки ӯ насиби каси дигар шавад. Аз рӯзе, ки ин хабарро шунидам, дар оташи рашк месӯзаму коре аз дастам намеояд...

Захми ҷонсӯзи забон

...Ҳамин тавр, оғоз шуд шиносоии ману Самир, ки ҳамсоли худам буд. Самир аз аввал хеле меҳрубон буду аз шавҳарам ҷудо шудани маро фаҳмида, гап додан гирифт. Оқибат бо ширинзабонию лутфу марҳамат маро шефтаву шайдои худ гардонид. Ман медонистам, ки ӯ зан ва ду фарзанд дорад, вале ин ҳама пеши роҳи ишқи сабиламро нагирифт. Духтарчааш Нозия хушзеҳн буду омӯзишаш пешрав низ шуд, ман музди корамро аз ӯ намегирифтам...

Таҳмина Раҷабова ба наздикӣ боз модар мешавад

...Ҳамин қадар мегӯям, ки тифли батнам 9 моҳа аст ва интизори ба дунё омаданаш ҳастам”,-навиштааст бону Раҷабова дар саҳифаи Инстаграми худ. Ҳунарпеша ба ҳаводоронаш барои суханҳои гарму пурмуҳаббаташон изҳори миннатдорӣ кардааст, аммо дар хусуси писар ё духтар будани тифли батнаш чизе нагуфтааст. Маврид ба зикр аст, ки Таҳмина Раҷабова дар 18-солагӣ бо писари амакаш оиладор шуда, баъди се соли оиладорӣ аз шавҳараш ҷудо шудааст...

Ангушти хурд хислатро фош месозад?

...Дар бораи хислати худ маълумоти бештар ба даст овардан мехоҳед? Барои ин кор ба ангушти хурдӣ назар намоед. Маълум мешавад, ки дарозии ангушти хурд дар бораи инсон бисёр чизҳоро гуфта метавонад. Чӣ бояд кард? Ба акс нигаред. Дар он се шакли ангушт (А, В ва С) бо назардошти дарозии ангушти беном нишон дода шудааст. Аз рӯи акс дарозии ангушт ва ба кадом навъ дохил шудани онро муайян созед...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 5-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 3-юми феврали соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

Диққат, диққат, диққат!!!

 

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД