ИДОМААШ...
Вай об не,-писарам,сарамро сила карда гуфт ў,балки дарду алами дилаш аст.Ин ҷавоби модарам сабаби дар зеҳни ман пайдо шудани саволҳои зиёд гардид.
Ба маънои томи он ман баъди аз даст додани очаҷонам сарфаҳм рафтам,вале он лаҳза боиси ҳайрониям шуда буд.
Рўзи душанбе соати дуюм дарси адабиёт доштем.Бесаброна мунтазири ин дарс будем,чунки муаллим дар бораи асарҳои бузурги Айнӣ ба мо маълумот медод.Бо шавқи тамом ба синф даромадем. Болои мизи муаллим ҳамоно пур аз китобу расм буд.Муаллим китобчаи дар боло будагиро бардошта ба мо нишон дод.Одина гуфтем якҷоя. Баъдан вай расмҳоеро,ки дар онҳо ҳаёти Одина тасвир шуда буд,як-як нишон дода,дар бораи повест маълумот дод.Бо шунидани марги Одина худдорӣ карда натавониста гиристем. Муаллим моро ором карда,китоби дигарро нишон дод.Ятим гуфтем.Дар бораи ин асар низ гап задан гирифт.Вақте ки дар хонаи бой Ятимча ном гирифтани Шодиро гуфт,бачаҳои синф хандиданд. Муаллим ғазабнок шуда сабаб пурсид.Шаҳром дар ҳоле ки худрпо базўр аз ханда нигоҳ медошт,ба чашмони муаллим нигоҳ карда
-Ўро дар чандсолагияш Ятим гуфтанд?Боз баланд хандид.Муаллим абрувони ғафси худро боло бардошта,бо чашмони ғазаболуд ба вай нигарист.Ман муаллимро дар чунин ҳол дида фикр кардам,ки ўро мезанад.Дар ҳамин вақт Саттор аз ҷой хеста аввал аз муаллим узр пурсид,баъд бо ҳамон ханда гуфт:
-Барои он мо кай Ятим гуфтани ўро фаҳмидан мехоҳем,Тешачаамонро Теша гўем.То ин вақт ман ба муаллим менигаристам.Бо шунидани сухани Саттор ва хандаи аҳли синф мисли хаси дар оташ афтода сўхтам.Чӣ?-Гуфта бошаст аз ҷоям хестам.Як қувваи бузурги мағлубнашаванда дар вуҷудам пайдо шуд.Бо як даст аз гиребони Саттор гирифта,ба девор задам.Сараш кафид,хун ба руяш шорид,аммо дилам хунук нашуд.Чанд мушти дигар задам.Даст ба гиребони Шаҳром бурдам. Аз тарс меларзид, чизе мегуфт,вале ман намешунидам.Муаллим моро ҷудо карданӣ шуда,гоҳ аз дасст гоҳ аз поям меқапид,ба тарафи худ мекашид.Натавонист.Ҳозир ҳамон лаҳзаҳоро ба хотир оварда худам ҳайрон мешавам.Чӣ тавр соҳиби он қувваи бузург шуданам ҳоло ҳам номаълум аст.Бо сару рўи пур аз хун худро ба берун задам. Аз алам зор-зор мегиристам.Модарам,ки дар назди дарвоза бо зани ҳамсоя гап мезад,маро дар ин ҳол дида аз тарс меларзид,бо рўймолаш сару рўямро тоза мекард.Ба ҳавлӣ даромадем. Болои кат нишаста гиристам.Ба саволи касе ҷавоб намедодам.Худро ба даст гирифта,авввал ба очаҷонам баъд ба модарам нигариста бо овози баланд гуфтам:
-Аз ҳамин номи мондаатон сад бор безорам.Ба теша монанд будам,ё дигар ном наёфтед? Қаҳтӣ буд дар ном?Аз Теша ном мондан маро vtreintl ,бетар буд.Агар номамро иваз накунед ё худамро мекушам ёТешача гуфтагиро.
Модарам ба очачонам нигарист,чеҳраи вай тағйир ёфт.Ожангҳои гирди лабу чашмонаш ба ҷўш омаданд. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.Чизе намегуфт. Ба фикрам дар он лаҳза аз дарди ман дида дарди вай зиёдтар буд.Хомуш буд,аммо ожангҳои рўяш бозгўи ҳолаш.Дар он авқт ба фикрам писарашро ба хотир овард.Ҳамон Тешабойро.Тешабое,ки ягон бор аз номаш шикоят накарда буд. Доимо хушҳол буд.Хушбахтии модараш аз ҳама чиз дида барояш муҳим.Мисли кўдак ўро тез- тез ба оғўш мегирифт,бўй мекашид, мебўсид.Аз меҳрубониҳои писараш шод мешуд.Ногоҳ оби чашмона мисли дарёи маҷрогумкарда ба рухсораҳояш шорид.Остинҳои кушодашро дар кафи дастонаш ҷамъ карда,рўяшро пок кард.Базўр аз ҷояш хеста ба хона даромад.Ба монанди кампирҳои 80-90сола бо миёни хамидаву пойҳои ларзон.Гўё дар пушташ кўҳи бузургеро бардошта бошад. Бале, ин кўҳ буд,кўҳи андуҳи шавҳари меҳрубону ҷигарбандони азизаш.То ба хона даромадан аз вай чашм накандам.
Баъди ин ҳодиса қариб даҳ рўз ба мактаб нарафтам.Ба норозигиям нигоҳ накарда маро ба беморхона мебурданд. Аз назди як духтур ба назди духтури дигар.Саволҳои аҷоибу рафторҳои ғайриодии духтурон ҳайронам мекард.Дар хона бошад,муносибати падару модару очаҷонам косаи сабрамро лабрез мекард.Мисли кўдаки навзод бом ан рафтор мекарданд.Ҳамон вақтҳо рўҳан оромиш надоштам.Аз як тараф муносибати дилгиркунандаи аҳли хона аз тарафи дигар рафиқони номуносиб.Миёни чаҳорчўбаи маҳкаму оҳанин хомўшу бесадо.На садои сухан гуфтан на қувваи роҳ рафтан буд маро.Як субҳ модарам маро аз хоб барвақт бедор кард.Ба барвақтии рўз нигоҳ накарда, хона мо рўфтагӣ-тозаю озода.Ҳатто хонаи меҳмониро мисли арўсон ороста карда буданд.Хобам меомад. Рўямро ба гуфти очаҷонам «гурбашў» кардаму ба ҷойгаҳам даромаданӣ шудам,вале модарам нагузошт.Ғурғуркунон дасту рўямро шуста либосҳоямро иваз кард.Маро ба меҳмонхона бурда худаш ба ошхона рафт.Меҳмонхонаи мо хонаи камбари дароз буд. Дар ин ҷо 40-50нафар ба роҳат ҷой мегирифтанд.Аз тарафи офтоббаро ду тирезаи калон дошт,ки хонаро доим гарму равшан нигоҳ медошт.
Ба хона даромадан замон ҳайрон шудам.Аз ду тараф дуқабатӣ курпача партофтагӣ.Ба рўи яке аз кўрпачаҳо ду болишт ба дигараш се болишт буд.Дар назди курпачаҳои аз тарафи тиреза партофтагӣ ҷойгаҳи хоби якнафара.Аввал фикр кардам,шояд шаб меҳмон доштем,вале наздиктар рафта дидам,ки дар он касе нахобидааст.Ман бештар вақт ба корҳои бузургон сарфаҳм намерафтам,бинобар ҳамин аҳамият намедодам.Ин дафъа низ беаҳамиятӣ кардан хостам,нашуд.Аз модарам пурсиданӣ шудам. Ба назди дар рафтан замон овози падарамро шунида ба қафо гаштаму аз тиреза нигаристам.Падарм ҳамроҳи як марди ҷелакпўш дар рўи ҳавлӣ. Он мард ба дарахтон ишора карда, ба падарам ё маслиҳат медод,ё аз вай чизе мепурсид.Мард аз пушташ ба назари ман тахминан 40-45 сола намуд.Ҳангоми ба хона даромадан дар рў ба рўи худ ман мўйсафеди 70-75соларо дидам.Чеҳраи ин мард ба назарам аҷоиб намуд.Риши паҳну пахта барин сафеди ў ба рўи гирдаш бисёр мезебид.Бо вуҷуди доштани ришу мўйлаби cафед доштан абрувонаш сип- сиёҳ буданд.Рухсораҳояш мисли яхи зери шуои офтобмонда ялаққос мезаданд.Бо ман мисли калонсолон вохўрӣ кард.Садои ширадор дошт.Суҳбати мо дар як лаҳза тафсид.Савол медоду ман дарҳол ҷавоб медодам.Аз он ки ба баъзе саволҳо ҷавоб намеёфтам,сурху cfatl мешудам,аммо ў маро зуд аз ин ҳол раҳо мекард. Ниҳоят аз ман хоҳиш кард,ки дар ҳамон ҷрйгаҳ хоб равам.Бо овози баланду ширадораш ба хондани сурае аз «Қуръон» оғоз кард.Хобам бурд. Вақте ки бедор шудам,аллакай шаб аз нисф гузашта буд.Баъд аз ин ман хашми худро фурў мебурдагӣ шудам.
Гузашти солу моҳ маро бузургтар мекард,аммо забони масхарагаронро кўтоҳ карда наметавонист.Дар синфи 11 хонданам, хостам пеш аз шиноснома гирифтанам,номамро иваз кунам,то ки ин «азоб» дар донишгоҳ ҳам дунболагирам нашавад. Як шаб баъди хўрдани хўроки шом мақсадамро пеши аҳли хона баён кардам. Падару модарам ба очаҷонам нигаристанд. Вай остинҳои кушодашро ба кафи дастонаш ҷамъ карда гоҳ пешонӣ, гоҳ зери чашмонашро тоза мекард. Хомўшии гароне ба миён омад. Иштиҳои ҳама ба якборагӣ пур шуд. Касе ба мевагиҳо, ки ҳар шаб баъди хўрок бо иштиҳои том мехўрдем,даст назад.Ба ҳамон хомўшӣ ба ҷойгаҳои худ даромадем.То як поси шаб маро хоб набурд. Аз гуфта ҳазор бор пушаймон. Оҳу афсўс хўрданҳо суде намебахшид.Дилам ба ҳоли очаҷонам месўхт. Кампири бечора бо ҳазор умеду орзу номи писари дўстдорашро ба ман гузошт.Мехост бо очаҷон гуфтани мо бори гарони андўҳаш каме сабук гардад.Ҳамон шаб қарор додам, ки ба хотири очаҷонам аз иваз кардани номам даст мекашам ва субҳ аввал аз ў бахшиш мепурсам.Ба фикрам ин мақсадам маро осуда карда бошад,хобам бурд.Маъмулан ҳар субҳ ману бародарам бо навозишҳои очаҷонам бедор мешудем.Ин субҳ бошад,маро навозишҳои ў не, балки фарёди дардолуди модарам бедор кард.Бо тарсу ҳарос чашм кушода, ўро дар назди очаҷонам дидам.Дасту по гум кардам.Хомўшу беҳис болои ҷойгаҳ нишастам.Падарм аз берун давида омад,вале ман аз ҷой ҷунбида наметавонистам.
-Худо раҳматаш кунад.Аллакай..-давоми гапашро нагуфта сар ҷунбонид падарам.
-Ман ўро куштам.-мегуфтам ба худам.Ба ҷисми беҷони очаҷонам нигариста дарун-дарун месўхтам.Ўбо падруд гуфтани ин дунё ғаму дардашро ба ман амонат гузошт,ки дар қафаси сина болои дил вазниниеро ҳbc кардам.Оҳу нолаи маро ба ҷуз худам касе намешунид.Ман мисли ҳезуми тар бо дуди зиёд оҳиста ва ва хеле дарднок месўхтам.
ДАВОМ ДОРАД...