Отахон Саидзодаро дӯстдорони театру синамо аз иҷрои нақшҳои хубу мондагораш мешиносанд. Ӯ воқеан ҳам дилбохта, сарсупурда ва яке аз намунаҳоест, ки як шахс метавонад пурра худро ба ҳунар бахшад. Мо бо ин ҳунарманд доир ба рӯзгору корномааш суҳбат кардем, ки фишурдааш манзуратон мегардад.
- Пайвастани шумо ба дунёи ҳунар чӣ гуна сурат гирифт?
- Пайвастани ман ба дунёи беканори ҳунар на танҳо орзуи худам, балки орзуи ҳамаи онҳое буд, ки маро мешинохтанд ва дар чорабиниҳои мактабӣ кӯшишҳоямро медиданд. Санъат аз хурдӣ дар дили ман ҷӯш мезад ва медонистам, ки ман барои ҳамин соҳа ба дунё омадаам. Вақте ки шавқу завқ ҳаст, онро ба чизе иваз карда намешавад.
- Оё дар баробари ҳунар, боз интихоби дигаре доштед?
- Чун модарам омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ ҳастанд, ман пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро барои ба даст овардани квотаи ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) супоридам. Ҳоло хабари аз имтиҳон гузаштан ё нагузаштанро нагирифта, бо мақсади ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (ҳоло Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) дохил шудан, роҳ сӯи пойтахт пеш гирифтам. Имтиҳонотро супурдам ва ҳуҷҷатҳоямро қабул карданд. Чун ба зодгоҳ баргаштам, аз ҳукумати шаҳр хабар доданд, ки аз имтиҳоноти квота гузаштам ва сазовори номи донишҷӯ гардидам. Модарам ба донишкада рафтанд, то ки ҳуҷҷатҳоямро гиранд ва ман бо квота дар риштаи таъриху ҳуқуқ таҳсил кунам, аммо аз донишкада ҷавоби рад гирифтем. Балки ба модарам гуфтанд, ки “Фарзанди шумо, фарзанди санъат аст”. Ҳамин тавр, солҳои 2004-2009 дар донишкада таҳсил карда, бо дипломи сурх онро хатм намудам.
- Шумо пас аз хатми донишкада маҳз ба Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба кор рафтед, чаро дар театрҳои пойтахт намондед?
- Дар асл, дар донишкада мехостанд, ки пас аз хатм ҳамчун омӯзгор фаъолият кунам, аммо чун таҷрибаомӯзиамро дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов гузашта будам, аз ҷониби сардори раёсати фарҳанг ва роҳбари театр ба донишкада мактуб ирсол гардид, ки ба театр биёям. Аз ҷониби дигар, барои худам ҳам дар назди аҳли оила будан беҳтар буд. Хулоса, соли 2009 ба театр омадам.
- Соли 2009 ба театр омадед ва расо даҳ сол баъд, соли 2019 директори театр шудед. Оё директори як театри калон будани як ҷавон мушкил нест?
- Бояд бигӯям, ки дар корномаи ман саҳми устоди зиндаёд Аловиддин Абдуллоев хеле зиёд аст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба театр омаданам он кас роҳнамои ман буданд ва хеле нозукиҳои корро ба ман омӯзонидаанд. Аз ҷумла, дар масъалаи роҳбарӣ ҳам саҳми устод калон аст. Пеш аз директори театр шудан, аз соли соли 2014 муовини аввали директор оид ба корҳои эҷодӣ будам. Ҳамчун муовин бо устод кор кардам ва аз он кас нозукиҳои роҳбариро омӯхтам. Бароям масъулияти роҳбарӣ душвор нест, зеро ҳар як роҳбар вақте ки дар самти худ кор мекунад, ҳеҷ мушкилие садди роҳаш намешавад.
- Шумо аз ҷумлаи ҳунармандони хуби мо ҳастед, оё масъулияти роҳбарӣ ба кори эҷоди халал намерасонад?
- Халал намерасонад, зеро ҳама кори мо ба эҷод алоқаманд аст.
- Метавонем бигӯем, ки роҳбарӣ ба ҳунарманд аз ҷиҳати рушди касбӣ халал мерасонад?
- Дар ин масъала ҳам мушкилеро намебинам, шукр дар ин самт таҷрибаам кофӣ аст.
- Дар панҷ соли роҳбарии шумо дар масъалаи сифати намоишҳо ва умуман кори театр кадом тағйирот ба амал омад?
- Театри мо ҳамеша дар ҳоли рушд аст. Ҳам дар давраи роҳбарони пешин ва ҳам ҳозира. Намоишҳои нав ва мувофиқ ба замону завқи тамошобин рӯи саҳна оварда мешаванд. Солҳои охир дар фестивалҳои дохиливу хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Аз ҷумла, соли 2019 дар фестивали ҷумҳуриявии “Парасту” бо намоиши “Каримдевона” сазовори ҷойи сеюм гардидем. Соли 2021 бо намоиши “Бежан ва Манижа” сазовори ҷойи дуюм гардидем. Соли 2023 бо намоиши “Зол ва Рудоба”дар 42-юмин фестивали байналмилалии Фаҷр дар Ҷумҳурии исломии Эрон сазовори ҷойи дуюм шудем.
- Бисёриҳо аз кам будани тамошобини театр шиква доранд. Оё дар намоишҳо толори театри шумо пур мешавад?
- Мутаассифона, ин дарди тамоми театрҳои ҷумҳурӣ мебошад. Умед мебандем, ки вазъ беҳтар мешавад.
- Кор дар театр барои шумо душвор нест?
- Кор дар театр барои онҳое, ки ин соҳаро дӯст медоранд, ҳеҷ душворӣ надорад, балки лаззати хос дорад. Ин ҷо ақлу дилу меҳру... умуман, ҳама чизро бахшидаам.
- Кадом нақшҳои мондагорро дар театр офаридаед, ки тавонед бо онҳо ифтихор кунед?
- Хушбахтона, чунин нақшҳо кам нестанд. Нақши “Пешво” дар намоиши “Тавҳид” аз рӯи асари Садри Умар нақши аввалинам буд. Тоҳир аз намоиши "Тоҳир ва Зӯҳро", Расул аз намоиши “Моҷарои имтиҳон”, Шоҳзода аз намоиши “Лаку Пак”, ки дар фестивали ҷумҳуриявии “Парасту” дар фестивалҳои байналмилалии Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон иштирок намудем ва дар Қирғизистон Ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро гирифтам. Нақши Бежан аз рӯи “Шоҳнома”, ки дар фестивали ҷумҳуриявии “Парасту” сазовори ҷои дуюм гардид. Нақши Шоҳ Манучеҳр аз намоиши “Зол ва Рудоба” аз рӯи “Шоҳнома” ва ғайраҳо. Умуман, ҳар нақше, ки офаридаам, бароям азизанд.
- Дар синамо низ шуморо мебинем, оё кор дар синамо назар ба театр осонтару сердаромадтар аст?
- Албатта, ин ду соҳа аз ҳам тафовут доранд. Барои як намоишро омода кардан, чор-панҷ моҳ кор бояд кард. Дар филм бошад, кор нисбатан осонтар аст, зеро агар хатое содир шавад, албатта, аз нав ба навор мегирӣ, аммо хато кардан дар театр нобахшиданист, зеро дар назди тамошобин зинда ҳунарнамоӣ мекунӣ.
- Театр инсонҳоро инсонтар мекунад, оё ҳоло ин вазифаашро ба таври бояду шояд иҷро карда истодааст?
- Театр воқеан ҳам ҷойи муқаддас аст. Фикр мекунам, ки дар ҳама давру замон театр ва ҳунармандон рисолати худро анҷом медиҳанд.
- Ҳунармандони ҷавон ба театр меоянд, оё завқашон зиёд аст?
- Завқи ҳунармандони ҷавон хеле зиёда аст. Ҳамеша дар саҳна бо шавқу завқи бепоён нақшофарӣ мекунанд. Мо аз онҳо умеди зиёд дорем.
- Ҳаводорони театрро кадом навигариҳо интизор аст?
- Ҳаводорони театрро намоишҳои хуби театрӣ интизор аст. Ҳоло ҳунармандони театри мо рӯи намоишномаи "Рустам ва Суҳроб" дар саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус ва таҳияи Баҳром Қурбонзода кор карда истодаанд.