arzon replenishment
Қосим Жомарт Токаев имрӯз ба Душанбе меояд
210

Бо даъвати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим Жомарт Токаев бо сафари дурӯзаи корӣ ба шаҳри Душанбе меояд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Сарвари давлат хабар додааст.

Дар рафти мулоқоти сарони ду кишвар як силсила ҳуҷҷатҳои муҳим ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида мешаванд.

Дар доираи ин сафар Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим Жомарт Токаев бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот хоҳад кард.

Сарони ду кишвар дар барномаи консертӣ бахшида ба кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон” иштирок менамоянд. Дар доираи сафари презеденти Қазоқистон ба кишвари мо ҳамчунин баргузории форуми тиҷоратӣ, форуми занону ҷавонон, конфронси илмӣ, намоиши асарҳои рассомони қирғиз ва ҳунарҳои мардумӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд барномаи консертӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар робита бо сафари кории Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон имрӯз, 22-юми август аз соати 9:00 то 14:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ), А. Дониш, С. Айнӣ (Садбарг), хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Сомонӣ маҳдуд карда мешавад. Пагоҳ, 23-юми август низ аз соати 11:30 то 14:00 ҳаракати нақлиёт дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Сомонӣ, кӯчаҳои Сино, С. Айнӣ (Садбарг), А. Дониш ва Мастонгулов (фурудгоҳ) маҳдуд карда мешавад.

Аз ронандагон хоҳиш карда шудааст, ки аз кӯчаҳори ҳамшафат истифода баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД