Чанд шаб боз қошуқ хоб мебинам. Гоҳ дар хобам аз бозор қошуқ мехарам, гоҳи дигар касе ба ман қошуқ туҳфа мекунад ва гоҳе бо табъи болида бо қошуқ хӯрок хӯрда, аз зиндагии худ лаззат мебарам. Хобҳои дидаамро ба чанд кас гуфтам, вале ба ҷойи таъбир кардан хандиданд. Мегӯянд, ки ҳар як хоб ягон маънӣ дорад. Мехоҳам донам, ки таъбири хобҳои дидаи ман чист?
Сурайё, хонандаи "Оила"
Қошуқ дар хоб рамзи хушбахтӣ, некӣ ва зиндагии серу пур мебошад. Дар хобномаҳо омадааст, ки агар духтар ё ҷавони муҷаррад қошуқи тиллоӣ хоб бинад, дари бахташ кушода шуда, ба шахси сарватманд, меҳрубон ва боодобу хушахлоқе, ки маъмулан ин тоифаи одамонро “одам не, тилло аст” мегӯянд, шинос шуда, оилаи хушбахт барпо менамояд.
Хоб дидани қошуқи нуқрагин аз он паём медиҳад, ки шуморо ба ягон зиёфати хуб даъват менамоянд ё дӯсти дасткушоде пайдо мекунед.
Қошуқча дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида чандон ризқи фароз надорад, вале бояд ба ҳар он чизе, ки дорад, шукрона кунад.
Шустани қошуқ дар хоб чандон хуб нест, чунин хоб аз пайдо шудани овозаҳои нохуш дар бораи шахси хобдида дарак медиҳад.
Қошуқҳои зиёди дар рӯйи фарш ё замин партофташуда дар хоб аз сар задани баҳсу даъво дар хонавода ё моҷарои оилавӣ дарак медиҳанд.
Дуздидани қошуқ дар хоб аз барор гирифтани корҳои шахси хобдида ё ба даст овардани даромади калони пулӣ паём медиҳад, аммо гум кардан ё шикастани қошуқ дар хоб фоли нек нест.
Кас хоб бинад, ки қошуқашро гум кардааст, сарчашмаи даромад ва ризқу рӯзиашро аз даст дода, муддате бе кор мемонад ва азоби рӯҳӣ мекашад.
Қошуқи чиркинро ба даст гирифтан ё шикастани қошуқ дар хоб аз пайдо шудани мушкилиҳо дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад.
Аммо мард ё зани оиладор хоб бинад, ки қошуқ ёфтааст, қошуқ харидааст ё бо қошуқи нав хӯрок хӯрда истодааст, ба зудӣ соҳиби писар мегардад ё наберадор шуда, дар оилааш хушбахтӣ болои хушбахтӣ зам мешавад.