Ман худро хиёнаткор эҳсос мекунам, чунки дӯстдоштаи дугонаамро аз ҷонам зиёдтар дӯст доштаам. Мехоҳам ӯро аз дугонаам ҷудо намуда, аз худ намоям, вале метарсам, ки барои бача шуда ду дугонаи ҷонӣ душман мешавем.
Ба дугонаам чӣ гуна бигӯям, ки марди дӯстдоштааш маро диду ошиқи зорам шуд. Ҳафтаи гузашта во хӯрда будем, дугонаам ба ман дарди дил карда гуфт, ки вақтҳои охир муносибати Мақсуд бо ӯ сард гаштааст. Зориву тавалло намуд, ки ҳамроҳаш ба “свидания” равам. Ночор розӣ шудам. Мақсуд ба мулоқоти дугонаам омада бошад ҳам, ду чашмашро аз ман намеканд. Мақсуд аллакай дар хилват ба ман чанд маротиба пешниҳоди хонадоршавӣ кард, вале дар байни обу оташ монда чӣ гуфтанамро намедонам.
Пешниҳоди ӯро бипазирам, аз дугонаам ҷудо мешавам, қабул накунам, марди дӯстдоштаамро аз даст медиҳам. Ман қасдан ишқи дугонаамро кашида нагирифтаам, вале чӣ кунам, ки дил кори худашро мекунад. Ин дили шайдои ман танҳо Мақсудро мехоҳад. Мехоҳам ба дугонаам бигӯям, ки Мақсудро дӯст медорам, вале метарсам, ки бо шунидани ин хабар даст ба худкушӣ мезанад.
Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Субҳия, хонандаи “Оила”