Муқим ном ҷавоне маро дӯст медорад. Борҳо сари роҳамро гирифта, шилқинӣ кард, ки розӣ шав ба хонаатон хостгор фиристам, вале ман бо ҳар баҳона ин корро мавқуф гузоштам, чунки дӯсташ намедоштам.
Падару модарам ҳоло солҳои наздик ба шавҳар доданӣ нестанд гуфта, дилашро хунук мекардам, то умедашро канда, ягон духтари дигарро ба занӣ бигирад, аммо ин хира ҳеҷ маро ором нагузошт, ки нагузошт. Рӯзе боз дар лаби чашма сари роҳамро гирифта гуфт:
-Барои ту шуда ба Русия пулкоркунӣ меравам. Насиб бошад, як сол баъд бармегардам ва бо тӯю тамошо туро арӯс карда ба хонаамон мебарам. Мабодо то баргаштанам шавҳар кунӣ, аз худат гила кун! Саратро кал мекунам ё туро мекушам! Дониста мон, ту танҳо азони манӣ, намегузорам, ки насиби каси дигар шавӣ!
Чизе нагуфта рӯямро тофтаму рафтам.
Муқим ба Русия рафту чанде пас падару модарам маро ба Низом ном ҷавони ҳамдеҳаамон фотиҳа карданд. Ин хабарро шунида Муқим девона шудааст. Қариб ҳар рӯз ба ман занг зада таҳдид мекунад, ки аз фотиҳа нагардӣ, шармандаат мекунам.
Маро туҳмат карданист. Мегӯяд, ки фотиҳаро нагардонӣ рӯзи тӯят микрофонро гирифта ба ҳама меҳмонҳо эълон мекунам, ки ин духтар арӯси ман буд, бо ман ишқварзӣ мекард. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Маҳинаи Даврон