sebiston july new
ОШИҚ ШУДАМ, МАРДУМ!
20.02.2021
ОИЛА
9236

17-сола ҳастам, дар синфи 11 таҳсил мекунам. Аввали баҳор ба садамаи нақлиётӣ афтода, чанде дар бемористон табобат гирифтам. Духтурон хостанд як поямро (аз зону) буранд, вале боз дилашон ба ҳолам сӯхту илоҷе карда, поямро бе кӯтоҳкунӣ табобат намуданд. Ҳама душвориҳоро навиштан намехоҳам.

Танҳо ҳаминро мегӯям, ки хеле душвор буд. Баъди пурра шифо ёфта, аз беморхона баромадан, дарёфтам, ки пои ростам аз чап 2 см кӯтоҳ шудааст. Ғусса хӯрда, худро маъюб эҳсос мекардам ва аз дигар ҳамсолонам кам медидам. Чанде пеш як хешамон аз ноҳияи дурдаст ба меҳмонӣ омада, муддате дар хонаи мо истиқомат кард. Мо ба ҳам дил бастем. Ман ба ҷавон аз камбудиҳои худ гуфтам. Ў ҳатто суханамро шунидан ҳам нахост. Мегуфт, ки дар назди ақлу фаросатам ин камбудӣ ҳеҷ аст. Мо ба боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, ба консертҳо мерафтагӣ шудем. Оҳиста-оҳиста эҳсос кардам, ки лангиданам рафъ шудааст.

Модарам мегӯяд, ки ишқ мӯъҷиза аст. Ишқ агар самимӣ бошад, рӯҳро қавӣ сохта, дили шикастаро ончунон ба ҳам меорад, ки асаре аз иллаташ намемонад. «Оила»-и азиз! Шодии ниҳониамро пинҳон дошта натавониста, ба ту навиштам. Умед дорам, мактубамро дарҷ менамоӣ.

Нилуфар, аз н. Шоҳмансур

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД