Соли нав барои мардуми тоҷик бо як талафоти фарҳангӣ оғоз ёфта, санаи 4-уми январи соли равон қалби ҳунарпешаи маъруфи театру синамо, ҳаҷвнигори маъруф Фатҳулло Абдуллоев, ки бо тахаллуси саҳнавии Коно маъруфият дошт, дар сини 67-солагӣ даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи деҳаи Лучоб дафн карданд.
Пайвандони марҳум гуфтаанд, ки Фатҳулло Абдуллоев ду рӯз қабл аз марг зиёрати Ҳаҷ баргашта буд: “Дар вақти зиёрати ҳаҷ бемор шуда дар шифохона бистарӣ шуданд. Дар он ҷо дар рагҳои дилашон найча (стент) гузоштанд ва ба ҳуш омаданд ва ду рӯз пеш ба ватан баргашта буданд”.
Фатҳулло Абдуллоев солҳои охир бемор буд, вале дар суҳбатҳо пайваста таъкид мекард, ки орзуи ба саҳна баргаштан дорад.
Номбурда зодаи деҳаи Лучоби канори шаҳри Душанбе аст. Бародарзодаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев буд. Дар мавриди рӯ ба ҳунар оварданаш мегуфт: “Овони мактабхонӣ дар маҳфили “Ҳаваскорони санъат”-и муассиса иштирок мекардам. Дар баробари шавқу завқи кӯдакӣ, муҳаббати самимии мардум ба амакам - Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев дар ҳунарманд шуданам нақши муҳим бозид. Ман медидам, ки мардум ӯро бо чӣ самимият дӯст медоранд, ва ҳамин эҳтирому муҳаббати мардум маро низ ба дунёи санъат раҳнамун сохт”.
Фатҳулло Абдуллоев аз хатми Донишкадаи санъати Тоҷикистон аз соли 1980 то соли 1994 дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе фаъолият кард. Баъдан ба вилояти Суғд кӯчид ва солҳо дар Театри давлатии мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ кор кард.
Вале ӯ дар ҷомеа ҳамчун ҳаҷвнигор шинохта шуд. Ӯ дар оғози солҳои 90-ум бо актёр Каримҷон Ғафуров театр-студияи “Коно ва Доно”-ро таъсис дод, ки худ нақши Коно ва Каримҷон Ғафуров нақши Доноро иҷро мекарданд. Ин нақш ба ӯ маҳбубияти бемисл овард. Пас аз таъсиси театр-студияи “Хандинкамон” як муддат дар ин гуруҳ ҳам кор кард ва солҳои охир мудири Бахши фарҳанги шаҳри Гулистон таъйин шуд.
Фатҳулло Абдуллоев дар чандин филмҳо аз ҷумла “Хобҳои апрелӣ”, “Ишқи ман – инқилоб”, “Биҳишт фақат барои мурдагон”, “Дарди ишқ”, “Доғ” ва “Мактаби куҳна” нақш офаридааст.
Марҳум Фатҳулло Абдуллоев бо вуҷуди беморӣ солҳои охир ният дошт ба саҳна баргардад.
“Саломатиям чандон хуб нест. Лекин бо Каримҷон Ғафуров - Донои театрстудияи «Коно ва Доно» ба мувофиқа расидем, ки барномаи телевизионии театр-студияи «Коно ва Доно»-ро аз нав роҳандозӣ кунем. Фикр мекунам мардум ҳамеша ташнаи ҳаҷванд. Вақте аз кор хаста шуда меоянд, мехоҳанд каме истироҳат кунанд, ханданд, барномаҳои ҳаҷвиро тамошо кунанд. Аз ин рӯ, мо сабти намоишҳои телевизиониро роҳандозӣ кардем”,- гуфта буд ӯ.
Ёдаш ба хайр!
СИПЕҲР