Овозхони маъруфи эронӣ Орун Афшор бори дигар ба Тоҷикистон меояд. Ӯ рӯзи 14-уми октябр дар Амфитеатри шаҳри Душанбе барои мухлисони худ барномаи консертӣ пешниҳод мекунад.
Консерт соати 18:00 оғоз шуда, интизор меравад шоми мусиқӣ бо иҷрои таронаҳои маъруфи овозхон баргузор шавад.
Орун Афшор барои мухлисони тоҷик чеҳраи ошност. Ӯ қаблан дар Душанбе ва Хуҷанд низ ҳунарнамоӣ кардааст. Аз ҷумла, 30-юми декабри соли 2025 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт дода, моҳи июли соли 2026 дар Қасри ҷавонони Хуҷанд баромад карда буд.
Бори аввал овозхон соли 2021 дар Ҷашнвораи тобистонаи Душанбе иштирок карда буд.
Таронаҳои «Ҷонам бош», «Бовар накун», «Шаби рӯёӣ» ва «Дарди ширин» аз ҷумлаи сурудҳое мебошанд, ки миёни шунавандагони тоҷик маъруфият пайдо кардаанд.
Ҳамин тавр, 14-уми октябр мухлисони Орун Афшор боз як имкони шунидани ҳунарманди дӯстдоштаи худро дар Душанбе пайдо мекунанд.