Soranus
Ороишгар-марди тоҷик, ки дар Уфа ҷои аввалро соҳиб шуд!
1018

Ӯ дар фестивал-озмуни “Беҳтарин ороишгар”, ки дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия доир гардид, (соли 2016) ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардид ва роҳхат ба кишварҳои Аврупоиро соҳиб гашт.

Наим Бозоров, аз кӯдакӣ орзу дошт ороишгар шавад. Дар давраи мактабхонӣ пайваста бо ороиши мӯйи сари ҳамсинфон машғул мешуд. Пас аз хатми мактаби миёна ба Маркази санъати машшотии “Фигаро” (Центр парикмахерского искусства)-и шаҳри Уфаи Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2016 онро бомуваффақият хатм намудааст.

Ӯ зода шаҳри Исфара буда, ягона мутахассиси мард аст, ки бо ороиши мӯйи сар, абрӯ ва дигар намдуи ороишҳо, ки хоси занон аст, машғул мешавад. Ба андешаи ӯ ороишгар нафарест, ки симои зоҳирии инсонро бо хаёлоти рангинаш тағйир медиҳад ва ба ҳусни мизоҷаш ҳунси дигаре изофа менамояд.

Тавре Наим дар суҳбаташ бо Фатҳулло Саидов гуфтааст, новобаста аз мард буданам , мизоҷони бештарам занону духтарон ҳастанд ва онҳо бе дудилагӣ ба дӯконам меоянду аз хизматрасониам қаноатманд ҳастанд. Назари оилаашон нисбати касби писарашон мусбат аст. Ӯ мегӯяд, аз рӯи ин касб дар ноҳия нон ёфтан мушкил бошад ҳам, вале касбамро дӯст медораму шукр мекунам, ки бо меҳнати ҳалол то андозае ҳам бошад кӯмак менамоям. Ӯ хушҳол аз он аст, ки мардуми тоҷик зебоидӯсторанду барои нигоҳ доштани ҳуснашон талош меварзанд.

Барои мутахассиси шудан дар соҳаи худ танҳо хатми омӯзишгоҳу қоллеҷ кифоя нест, мегӯяд, Наим. Зеро машшотони ҳақиқӣ дар хориҷа таҷриба меомӯзанд ва дар озмунҳои гуногун ширкат меварзанд. Албатта, омӯзиш маблағи муайянро талаб мекунад, аммо дар сурати азми қавӣ доштан ин касб тамоми хароҷотро метавонад баргардонад, мегӯяд ӯ.

Наим Бозоров шогирдони зиёд дошта аз шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом ва худи шаҳру деҳаҳои Исфара барои касбомӯзӣ меоянд. Қимсе аз шогирдонаша аллакай мавқеи худро касб карда, дар шаҳрҳои Москаву Душанбе фаъолият карда истодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД