Arzon march 2024
Ороиш ва тарҳрезии хонаи кӯдакона
2836

Дар бисёр оилаҳо чунин аст, ки аксар вақт кӯдакон ҳуҷраи алоҳида надоранд. Шумо метавонед ҳама чизи ҳуҷраи кӯдаконаро мувофиқи табъи фарзандатон ва бо тамоми шароит оро диҳед, то ки он зебо ва замонавӣ бошад. Ҳар як ҳуҷраро гуногун тарҳрезӣ кардан лозим аст, масалан, ҳуҷраи писарона аз ҳуҷраи духтарона ороишаш фарқ мекунад ва онро бояд тарзе оро диҳед, ки ба кӯдак писанд ояд.

Ороиши ҳуҷраи писарона

Ҳуҷраи кӯдаконаро дар фазое, ки кӯдак мехоҳад, ба тартиб дароред. Дар ҳуҷраи писарона одатан рангҳои зардеворӣ ва пардаю қолин бояд кабуди осмонӣ, сафед, хокистарранг истифода бурда шавад. Бо вуҷуди ин, агар ҳуҷраи хурд бошад, беҳтар аст, ки рангҳои равшанро барои зардеворӣ, қолин, парда ва мебел интихоб кунед, то ки хона равшани дилхушкунанда ва калонтар ба назар расад ва табъи инсонро болида гардонад. Агар ҳуҷраи калон бошад, метавонед ороишашро бо рангҳои гуногуни ториктар тарҳрезӣ кунед.

Дар ҳуҷраи писарона мебел (диван, шифонер барои гузоштани либос), мизи корӣ, инчунин таҷҳизоти техникӣ (компютер), барои бозӣ ҳар гуна маҳсулоти барои бозӣ кардан, аз қабили тӯб, мошинча, ҳар гуна расмҳои деворӣ ва ғайраҳоро таъмин кунед.

Ороиши ҳуҷраи духтарона

Ҳуҷраи духтарона бояд бо рангҳои равшан оро дода шавад. Масалан, зардевориҳои зебо бо рангҳои сафед, зарди зарҳалӣ, гулобӣ, қолин, пардаҳо, мебел. Ҳуҷраи духтарона пеш аз ҳама бояд бо тиреза, мизи корӣ, бистари хоб ва шифонер барои либос таъмин бошад. Инчунин, хуб аст, ки дар деворҳо аксҳои девории зебо овезон кунед, наққошиҳои рангоранг ва бозичаҳои духтарона гузоред. Дар тиреза гул гузоштан барои духтарон хеле хуб аст.

Ҳуҷраи фарзандонатонро зебо, замонавӣ ва бароҳат оро диҳед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД