Formula novemver 2024
Ораш Алоӣ: Чӣ бояд кард, ки аз «коронавирус» наҷот ёфт!
2040

 

 

… Ин беморӣ нав нест. Ду бор дар шаклҳои дигар пайдо шуда буд. Онҳо барои зинда мондани худ макон - организми зинда мекобанд. Ин муҳит барояш бадани инсон, махсусан, шуш аст. Вирусҳо ба шуш аз роҳи бинӣ ва даҳон дохил мешаванд. Онҳо дар шуш паҳн мегарданд ва ба он таъсири бади худро мегузоранд…

Тавсияҳои вирусшиноси эронитабори амрикоӣ Ораш Алоиро аз шумораи навбатии «Оила» мутолиа намуда, худу наздиконатонро аз сирояти «коронавирус» ҳифз кунед!

Маъшуқаам келинам шуд

…Дар рӯзи тӯй мо тарабхонаи беҳтарини пойтахтро интихоб намудему домодҳо ба мошинҳо савор шуда, барои овардани арӯсон рафтанд. Корвони тӯёна баъди чарх задани шаҳр ба тарабхона омаду тӯй оғоз шуд. Ман ба арӯсон он қадар аҳамият надодам, аммо писарони зебоямро дида, аз ифтихор сарам ба осмон мерасид…

Идомаи қиссаи мазкурро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи «Оила» ҷӯед, ёбед, хонед!!!

10 ситораи ҷаҳонӣ, ки ангушти зиёдатӣ доранд

… Полидактилия калимаи юнонӣ буда, πολύς-бисёр ва δάκτυλος-ангушт мебошад. Ин илм ангуштони дасту пойҳои одамон, сагҳо, гурбаҳо ва аспҳоро, ки аз меъёр зиёданд, меомӯзад. Ин навбат мо тасмим гирифтем, ки дар бораи ситораҳои ҷаҳонӣ, ки ангушти зиёдатӣ доранд, бароятон маълумот диҳем. Ба чандин сомонаҳои хориҷӣ сар халондем ва номи 10 ситораи полидактилиро пайдо намудем…

Инҳо кадом ситораҳоянд? Агар донистан мехоҳед, пас шумораи нави ҳафтаномаи «Оила»-ро пайгирӣ намоед!

Фарзонаи Файз бори дигар модар шуд

…“Писарча таваллуд кард. Ҳоло 10-рӯза аст. Бинобар паҳн шудани COVID-19 дар ҳудуди кишвар ӯро ҳамроҳи кӯдакаш аз Душанбе ба Норак овардем, то дар шароити нисбатан амнтар зиндагӣ кунанд. Саломатиашон хуб аст. Вазъият ором шавад, худаш тариқи ҳафтаномаи “Оила” бо мухлисонаш сӯҳбат хоҳад кард”,-гуфт, Таманнои Файз...

Аз ҳамдардии Таҳмина Раҷабова ба табибон, кӯмакхоҳии Меҳрубони Равшан аз мухлисон, то ба «коронавирус» гирифтор шудани ровии «Орёл и Решка» ва тарки саҳна кардани Қурбоналӣ Абдуллоев дар саҳифаи «Ситорарез»-и ҳафтаномаи «Оила».

Зани ту намешавам, Фаридуни “бақлашка”!

…Умре бешавҳар мегардаму зани ту барин авбоши бетарбия намешавам. Ҳар дам бо зангҳои таҳдидомезат ҷонамро ба лаб нарасон, вагарна… Ту мард мебудӣ, дидаву дониста ба хонаи мо хостгор намефиристодӣ. Нағзакак медонӣ, ки дар қалби ман муҳаббати Собири ҳамдеҳаамон шӯъла мезанад ва ту дар ду дунё наметавонӣ ҷои ӯро дар дилам бигирӣ, вале бо вуҷуди ин, ба болои Собир пой гузошта истодаӣ…

Шумораи нави ҳафтаномаи «Оила»-ро аз тамоми дӯконҳои шаҳр пурсон шавед, ин ва дигар матолиби ҷолибро мутолиа намоед ва дар хона бимонед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД