Бисёриҳо фикр мекунанд, ки Орҳан Бийиклӣ ҳунарманди тасодуфӣ аст, аммо хато мекунанд.
Ин ҳунарманди турк, ки ҳамагӣ 35 сол дорад, ба ҷавониаш нигоҳ накарда, дар зиёда аз 8 намоишномаи театрӣ ва наздики 20 филм нақшҳои асосиву дувумдараҷа бозидааст. Ба ҳамин хотир, Орҳанро ҳунарманди тасодуфӣ гуфтан хатост. Дар ин шумора чанд маълумотеро аз ҳаёти гузаштаву имрӯзаи ҳунарманди дӯстдоштаи мову шумо ҷамъоварӣ намудем, ки дар матлаби зер мутолиа карда метавонед.
Зиндагинома
Орҳан Бийиклӣ, ҳунарманди машҳури театр ва синамои турк 26-уми октябри соли 1985 дар шаҳри Измити вилояти Коҷаэлии Туркия, дар оилаи Азиз Бийиклӣ ба дунё омадааст. Аз рӯйи баъзе сарчашмаҳо, онҳо дар оила ҳафт бародар мебошанд. Орҳан ҳанӯз аз замони дар мактаби миёна таҳсил карданаш ба ҳунару ҳунармандӣ завқ дошт ва дар чорабиниҳои мактаб фаъолона ширкат меварзид. Маҳз ҳамин меҳру муҳаббаташ ба санъат сабаб шуд, ки баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи театрии Консерваторияи давлатии Донишгоҳи Истанбул супорад.
Оғози фаъолият
Вақте Орҳан донишгоҳро хатм кард, фаъолияти худро аз театрҳои шаҳрии вилояти Коҷаэлӣ шурӯъ намуд. Дар аввал ба ӯ нақшҳои хурду назарногирро бовар мекарданд, вале баъдтар, вақте фаҳмиданд, ки Орҳан истеъдоди фавқулодда дорад, ӯро барои иҷрои нақшҳои марказӣ даъват мекардагӣ шуданд. “Аз нури моҳ хурсандӣ кунед”, “Чашмонамро пӯшида, вазифаамро иҷро мекунам”, “Ман медонам, кӣ омад”, “Нуқтаи баҳор” ва ғайра аз намоишномаҳои театрие мебошанд, ки Орҳан нақш бозидааст.
Аз нақшҳои хурд ба нақши бузург
Соли 2002 бори нахуст Орҳанро барои иҷрои нақши Исмоил ба филми “Дунёи асрор” даъват намуданд. Нақши ӯ дар филми мазкур ҳамоно нақши хурд буд, чун коргардонҳо ҳанӯз ба ҳунару истеъдоди ӯ бо шубҳа менигаристанд. Соли 2003 дар филми “Илм дар бораи ҳаёт”, соли 2004 дар филми “Маҷлиси калон” ва соли 2005 дар филми “Ченаки панҷум” низ нақшҳои дувумдараҷа офарида, танҳо соли 2008 тавонист, ки ба силсилафилми бисёрқисмаи маъруфу машҳур “Ҳомиён” роҳ ёбад ва нақши асосиро иҷро кунад.
Шӯҳрати ҷаҳонӣ
Сабти силсилафилми “Ҳомиён” аз соли 2008 то соли 2011 идома ёфта, Орҳан дар он нақши комиссари шуҷоу нотарс Йигит Гундузалпро бозидааст. “Ҳомиён” Орҳанро на танҳо дар ҳудуди Туркия, балки дар Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ машҳур кард. Худи Орҳан низ чандин маротиба иқрор шудааст, ки дар ҳақиқат “Ҳомиён” ӯро шинохта кард ва ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Баъди нақшофарӣ дар 134 қисми силсилафилми “Ҳомиён” соли 2012 Орҳанро ба филми “Садоқат” даъват карданд, то дар он нақши Орифро, ки ба нақши Йигит монанд аст, иҷро кунад.
Йигит дар Тоҷикистон
Тарҷума ва дубляжи силсилафилми “Ҳомиён”-ро дар Тоҷикистон маркази продюсерии “Ҳамсадо” ба ӯҳда дошт. Ҳаводорони ин филм дар кишвари мо чунон зиёд буданд, ки студияи “Ҳамсадо” моҳи сентябри соли 2011 бо хоҳишу дархости бешумори тамошобинон Орҳан Бийиклиро ҳамроҳ бо Айчин Туюн (Ҳалима), Меҳмет Озгур (Наҷиб-сардор), Эртан Қилич (Мемдуҳ) ва Осман Кот (Хайрӣ) ба шаҳри Душанбе даъват кард ва дар “Кохи Борбад” бо иштироки эшон шоу-барномаи консертии “Истиқлол”-ро баргузор намуд. Пас аз ин таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба Орҳану филмҳои туркӣ бештар шуд ва мардум силсилафилми “Садоқат”-ро низ бо хушнудӣ пазируфтанд.
Ҳунарманд, соҳибкор ва варзишгар
Орҳан ба соҳибкорӣ низ машғул аст. Соли 2010 ҳамроҳи бародараш Иброҳим Бийиклӣ қаҳвахонаи худро бо номи “Altinoluk Patisserie” боз намуданд, ки имрӯз он ба омода ва фурӯши ҳар гуна шириниҳову хӯрданиҳо машғул аст ва мизоҷони бешумор дорад. Илова бар ин, Орҳан дӯстдори варзиш, хусусан, футбол аст. Аз ҳамин ҷост, ки ӯро соли 2017 президенти тими “Bağdatspor” интихоб намуданд. Ба соҳибкорӣ ва варзиш машғул шудани Орҳан маънои онро надорад, ки аз синамо дур шудааст. Агар пешниҳоди ҷолиб ва филмномаи ба дилаш мувофиқ пайдо шавад, ҳатман онро қабул мекунад.
Ҳаёти шахсӣ
Дар мавриди оиладор будан ё набудани Орҳан саволҳо зиёданд. Бале, Орҳан оиладор аст ва ҳамсари ӯ Бурҷу Бийиклӣ ном дорад. Онҳо соҳиби як духтарчаанд.