Тибқи қонунҳои амалкунандаи Россия барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави ин кишвар ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан мехоҳанд, донистани забон ва таъриху фарҳанги ин кишвар яке аз шартҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Муҳоҷирони меҳнатӣ бидуни супурдани имтиҳони забони русӣ ва таъриху адабиёти рус патент ва иҷозатномаи кор гирифта наметавонанд.
Аксаран муҳоҷирони тоҷик дар гирифтани сертификати забони русӣ душворӣ мекашиданд, вале акнун онҳо имкон доранд, ки имтиҳони забони русиро дар ҳудуди кишвари худ - Тоҷикистон супоранд.
Айни замон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба рӯйхатгирии хоҳишмандон барои супурдани имтиҳони забони русӣ ва дарёфти сертификат идома дорад. Тавре ки Хӯҷаназар Акбаров, яке аз кормандони бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират зимни сӯҳбат бо мо гуфт:
“Барои шахсоне, ки нияти ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, супурдани имтиҳони забони русӣ дар Тоҷикистон нисбатан осон, қулай ва арзон мебошад. Муҳоҷирон дар Русия барои супурдани имтиҳон ва гирифтани сертификати забони русӣ тахминан 7000 рубл сарф мекунанд, ин дар ҳолест, ки имтиҳони мазкурро дар ватани худамон-Тоҷикистон ба таври осон ва қулай суруда, сертификати забони русиро ҳамагӣ ба 200 сомонӣ гирифтан мумкин аст.”
Ногуфта намонад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои дар Федератсияи Россия ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан пеш аз сафар ба ин кишвар дар худи Тоҷикистон ҳамагӣ ба 1500 рубли русӣ патент бигиранд. Иҷозатномаи муввақатии зист-РВП-ро ба 2000 рубли русӣ ва иҷозатомаи иқоматро низ ба 2000 рубл гирифтан мумкин аст.
Шахсоне, ки мехоҳанд имтиҳони забони русро дар Тоҷикистон супурда, сертификат бигиранд ва ё соҳиби патент, иҷозатномаи муввақатии зист ё иҷозаи иқомат дар Федератсияи Россия гарданд, метавонанд ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат намояд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ шумо метавонед ба рақамҳои зерин занг занед: 225-05-75, 225-02-21 ва 225-07-33