Commerce bank may-june 2026
Қонуни нави таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи шахсони маъюбият дошта ба маъюбон чӣ имтиёзҳо медиҳад?
46

Дирӯз, 17-уми июн Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд қонуни нав, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ қабул шудаанд, имзо гузоштанд. Яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта” аст. Қонуни нав ба маъюбон чӣ имтиёзҳо медиҳад?

Тавре муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Муҳиддин зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, қонуни нав аз қонуни амалкунанда комилан фарқ дошта, ҳудуди 60-65 фисади муқаррароташ нав мебошад. Аз ҷумла:

1. Забони имову ишора, алифбои “Брайл” ба танзим дароварда мешавад.

2. Туфайли ин қонун маъюбон аз чанд имтиёзҳои нав бархӯрдор мегарданд.

3. Қонуни нав дастрасии шахсони маъюбият доштаро ба нақлиёт, табобати ройгон, таҳсил ва ҷойи кор таъмин менамояд.

4. Табъизи шахсони маъюбият дошта мувофиқи қонун манъ буда, маъюбон метавонанд қатори дигар шаҳрвандони кишвар озодона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат иштирок намоянд.

Дар баробари ин, Президенти мамлакат ҳамчунин ба қонунҳо “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ” ва чанд санади муҳими дигар имзо гузоштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД