Имрӯз мардуми тоҷик дар қатори дигар халоқу миллатҳо 79-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил намуданд. Ин иди бузург аҳамияти махсус дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гашта, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд.
Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд.
Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро бистсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамони дигар машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд.
Дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (1941–1945) беш аз 27 миллион мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давра аҳолиаш зиёда аз як миллион нафарро ташкил медод, дар ин набардҳои сангину хунин беш аз 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, бо ҷасорату қавииродагӣ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд.
Родмардоне, ки дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳо нишон додаанд, мояи сарфарозӣ ва ифтихор мебошанд.Дар ин ҷанг зиёда аз 90 ҳазор нафар тоҷикистонӣ барои ҳифзи Ватан ҳалок шуданд.
Барои мардонагӣ ва далерию шуҷоат нишон додан 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени «Шараф», зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Моҳи октябри соли 1941 аз Тоҷикистон барои муҳофизати Масква дивизияи 20-уми савораи кӯҳӣ, дорандаи орденҳои Байрақи сурхи ҷангӣ ва Ленин сафарбар карда шуда буд. Он аз рӯзҳои аввал дар муҳорибаҳои шадиди ҷангӣ иштирок намуда, сазовори қадрдониҳо гардидааст. Ҳазорҳо фиристодагони Тоҷикистон дар ин ҷо аввалин таҷрибаи ҷангӣ омӯхтанд, зиёда аз 150 нафар сарбозу афсари ин дивизия, ки дар муҳорибаи назди Масква қаҳрамониҳо нишон додаанд, бо мукофотҳои баланди ҳукуматӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар муҳорибаҳои Сталинград фиристодагони Тоҷикистон мардонагии бемисл нишон доданд. Ҷанговарон ва фармондеҳони дивизия бо ҷасорати худ ҳазорон фашистро несту нобуд намудаанд.
Натиҷаи ин муҳориба дар рӯҳияи ҷанговарон гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, ба ғалабаҳои минбаъдаи рафти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ асос гузошт. Армияи Сурх аз Сталинград то Владикавказ якбора ба ҳуҷуми бузурги ҷавобӣ гузашт. Дар ҳайати гуногуни фронтҳои мухталиф фарзандони Тоҷикистон низ ҷасурона меҷангиданд. Ҷанговарони тоҷик дар мудофиаи қаҳрамононаи Ленинград, кӯҳҳои Кавказ ва дигар муҳорибаҳои Курск, Орёл ва назди дарёи Днепр ширкат варзида, қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд.
Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.
Дар қатори қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ занҳои тоҷик низ мақоми махсус доранд. Дар солномаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ номҳои занони тоҷик, ки баҳри ҳифзи Ватан қаҳрамонии бемисл нишон додаанд, ба монанди Ойгул Муҳаммадҷонова, Инъом Қурбонова, Саодат Алибоева, Ҷаннат Раҳимова ва дигарон ҷовидон сабт гардидаанд.
Дар бораи қаҳрамонии ҷанговарони тоҷикистонӣ матбуоти фронтӣ ва ватанӣ борҳо маводи гуногун нашр намуда буд. Аз ҷумла, рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» аз 28 октябри соли 1942 дар бораи ҷонбозиҳои зани тоҷик, сарнишини ҳавопаймо Ойгул Муҳаммадҷова аз деҳаи Шинги ноҳияи Панҷакент чунин иттилоъ дода буд, ки вай ба нуқтаҳои асосии базаи ҳарбии фашистон зиёда аз 93 парвози ҷангӣ намуда, дар охир маҷрӯҳ гардидааст. Ин зани шуҷоъ барои қаҳрамониҳо бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуд. Қаҳрамонии ҳамшираҳои шафқат: Туҳфа Ҳамсариева, Саодат Сангинова, София Муҳаммадова ва дигарон боиси ёдоварист, ки ҳаёти худро барои берун баровардани аскарони маҷрӯҳ аз майдони ҷанг бахшидаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш нахоҳанд гашт.
Мардуми тоҷик дар роҳи тайкарда ва озмоишҳои фоҷиабори мубориза бар зидди фашизм аз ҳаёти душвори басар бурда рӯҳафтода нагардида, баҳри мустаҳкамии иқтидори ақибгоҳ, таъминоти сарбозону афсарони дар муҳорибаҳо фаъолият дошта, корҳои истеҳсолии тамоми самтҳои саноату хоҷагии халқ содиқона ёрии худро дареғ намедоштанд.
Имрӯз ветеранҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Қисми боқимондаи онҳо синнашон аз навад боло мебошад. Бинобар ин, нигоҳдошти поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи муқаддаси фарзандии мост.
Ҳикматулло ХОҶАЕВ