shoh palace
Онлайн-консерти Юлдуз Усмонова дар вақти карантин
1255
Онлайн-консерти Юлдуз Усмонова дар вақти карантин

Юлдуз Усмонова, овозхони шинохтаи ӯзбек бо мақсади дастгирӣ намудани нафароне, ки дар карантин қарор доранд, бо гурӯҳи навозандагонаш консерти мустақим баргузор кардааст.

Овозхон дар шароити хона онлайн-консерт барпо карда, аз тамоми мардум даъват ба амал овардааст, ки аз хона берун набароянд. Ҳоло дар Ӯзбекистон «коронавирус» бо суръат паҳн шуда истодааст ва сокинон дар ҳолати карантинӣ қарор доранд.

 

Ин иқдоми овозхон ба мардум имкон медиҳад, ки аз хона набаромада, тариқи Интернет аз шабкаҳои YouTube ва Instagram мустақиман консерти овозхони писандидаашонро тамошо кунанд. Усмонова ният дошт, ки давоми 16 рӯз, аз 10-ум то 25-уми моҳи март силсилаконсерти худро баргузор намоянд, вале «коронавирус» нақшаҳои ӯро барбод дод. Баъди дар Ӯзбекистон эълон шудани ҳолати карантинӣ, овозхон тасмим гирифт, ки онлайн-консерт барпо кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД