Arzon march 2024
Ҷонибек ва Зулайхо ба Худованд барои зиндагии нав раҳмат мегӯянд
1974



Шоми дирӯз Ҷонибек Муродов дар саҳифаи "Instagram"-и худ хабар додааст, ки ҳангоми парвоз кам монда буд ҳамроҳи Зулайхо Маҳмадшоева ба садамаи ҳавоӣ гирифтор шаванд.

Тайёраи онҳо ҳангоми парвоз дар фазо ба ҳолати садамавӣ гирифтор шудааст. Ҷонибек барои наҷоташон шукрона карда мегӯяд:
"Худоҷон раҳмат барои зиндагии нав! Ба тамоми Пилото ва экипаж низ раҳмат. Пасажирода тамоман гап нест. Ягон паника накарданд! Бошем ZulaikhoMahmadshoeva.”
Зулайхо Махмадшоева низ як акси худро дар "Instagram" нашр карда дар зери он навиштааст:
"Худоро шукр омадем зиндаву саломат ба хона, вале фикр кардам, ман дигар нестам дар ин дунё Алҳамдулиллоҳ. Илтимос парвоз накунед ба ҳеҷ ҷой. Хатарнок аст дар ин ҳавои сард. Намедонам чаро ман як эҳсоси бад доштам пеш аз парвоз, мисле, ки медонистам ҳамин ҳолатро оҳҳҳ. Худоҷон шукр. Дӯсти азиз раҳмат дар канорам будӣ JonibekMurodov.”
Бахтовари Ҷамшед, продюсери Зулайхо Махмадшоева зимни сӯҳбат бо мо гуфт:
“Ҷонибек Муродов ва Зулайхо Маҳмадшоева аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз доштанд. Мақсади сафари онҳо ба шаҳри Хуҷанд барои гузаронидани тӯйи арӯсиву домодӣ дар шаҳри Хуҷанд буд. Худоро шукр, ба ин ду сароянда ва дигар мусофирон осебе нарасид.”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД