Ҷонибек Муродов ва Ҷамшед Исмоилов, овозхонҳои шинохтаи тоҷик, ки дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ мекунанд, ҳафтаи равон бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27-уми июн) нахустин бадеҳаи худро нашр намуданд.
Клиптарона “Бо ҳам” унвон гирифта, матнаш ба қалами шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дорад. Шоир дар шеъраш дӯстиву рафоқатро дар ин дунёи дурӯза аз ҳама боло гузошта, мардумро ба некиву накӯкорӣ даъват кардааст.
Ба суруд худи Ҷамшед Исмоилов оҳанг баста, Зайниддин Каримов онро банду баст кардааст. Клиптаронаро аз замони нашраш то кунун дар саҳифаи “JM Company” дар шабакаи YouTube зиёда аз 10 ҳазор нафар тамошо карда, баҳои баланд додаанд. Ёдовар мешавем, ки ширкати продюсерии “JM” ба хонаводаи Муродовҳо тааллуқ дорад ва бо ҳунармандон тибқи шартнома ҳамкорӣ мекунад.