Қазияи омӯзгори мактаби №72-и ноҳияи Ёвон, ки хонандаи синфи сеюмро барои бе лавозимоти дарсӣ ба дарс омадан сарзаниш кардааст, ҷомеаро ба ду мавқеъ тақсим кард, гурӯҳе омӯзгорро маҳкум мекунанд, гурӯҳи дигар ӯро ҳимоя менамоянд. Асли қазия чӣ буд ва он бо чӣ анҷомид?
Навори баҳсбарангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Қазия аз нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз шуд. Дар наворе, ки миёни корбарон паҳн шуд, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №72 ноҳияи Ёвон Равшаноро Акрамова хонандаи синфи сеюмро барои бе лавозимоти зарурии хониш ба дарс омадан сарзаниш мекунад. Мақомоти расмӣ баъдан тасдиқ карданд, ки ҳодиса дар ҳамин муассиса рух додааст. Тибқи шарҳи Вазорати корҳои дохилӣ, омӯзгор хонандаро ҳангоми дарси забони русӣ ба навор гирифта, ин наворро барои бартараф кардани камбудӣ ба модари кӯдак фиристодааст.
Модари хонанда, ки ба гуфтаи мақомот дар Русия қарор дорад, наворро ба ҷойи ирсоли он ба шахсони масъул дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст. Мақомот ҳамчунин гуфтаанд, ки кӯдак дар тарбияи бибияш қарор дошта, масъалаи бо лавозимоти мактабӣ таъмин намудани ӯ аз ҷониби волидон ба таври зарурӣ назорат нашудааст.
Аммо баъд аз паҳн шудани навор, қазия ба баҳси калон табдил ёфт.
Ду гурӯҳ
Навори мазкур ҷомеаро ба ду гурӯҳ тақсим кард.
ГУРӮҲИ АВВАЛ омӯзгорро маҳкум мекунад.
Намояндагони ин мавқеъ мегӯянд, ки ҳатто агар кӯдак ба дарс бе дафтар ё дигар лавозимот омада бошад, чунин масъала бояд бо суҳбат, фаҳмондадиҳӣ ва муносибати ором ҳал шавад. Ба андешаи онҳо, кӯдак махсусан дар синфи сеюм набояд дар назди ҳамсинфон бо чунин тарз сарзаниш ё шарманда карда шавад. Ин гурӯҳ бештар ба лаҳни сухан ва тарзи муносибати омӯзгор ишора мекунанд.
ГУРӮҲИ ДУЮМ аз омӯзгор ҳимоят мекунад.
Онҳо мегӯянд, ки ҷомеа танҳо чанд лаҳзаи наворро дида, дар бораи тамоми вазъият хулоса мебарорад. Ба андешаи тарафдорони омӯзгор, масъулияти таъмин кардани кӯдак бо дафтару китоб ва дигар лавозимоти зарурӣ пеш аз ҳама ба дӯши оила аст. Баъзе корбарон масъала мегузоранд, ки “агар омӯзгор аз хонанда талаб накунад, ки бо лавозимоти зарурӣ ба дарс биёяд, пас интизоми таълимӣ чӣ гуна таъмин мешавад?”. Ин гуруҳ мегӯянд, ки омӯзгор танҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи модар ба мушкили фарзандаш навор гирифтааст ва худи ӯ онро дар интернет паҳн накардааст.
Мақомот чӣ мегӯянд?
Тибқи маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ, омӯзгор Равшаноро Акрамова хонандаи синфи сеюмро, ки ба дарси забони русӣ бе лавозимоти хониш ҳозир шуда буд, ба навор гирифтааст. Навор ба модари кӯдак фиристода шудааст. Яъне, навор барои нашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта нашудааст. Наворро бошад модари хонанда дар шабакаҳо паҳн намудааст.
Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон низ ба ин нукта таваҷҷуҳ кардааст. Ин ниҳод гуфт, ки ҳадафи омӯзгор, тибқи шарҳи ӯ, пешгирӣ аз беэътиноӣ ба таълим ва водор кардани хонанда ба масъулияти бештар будааст. Аммо ҳамзамон таъкид кард, ки интихоби усули таъсиррасонӣ ғайрикасбӣ мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» низ муносибати эҳтиромона байни таълимгиранда, омӯзгор ва дигар кормандони муассисаи таълимиро талаб мекунад ва истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равониро дар муносибат бо таълимгиранда манъ менамояд.
Ҳамзамон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз омӯзгор эҳтироми шаъну шарафи таълимгирандагон ва падару модари онҳоро талаб мекунад.
Пас, масъала дар он нест, ки омӯзгор набояд аз хонанда интизом талаб кунад. Масъала дар он аст, ки интизом бояд бо усули педагогӣ таъмин шавад.
Масъулияти волидайн
Вале як нуктаро набояд фаромӯш кард. Дар таълиму тарбияи кӯдак фақат мактаб ҷавобгар нест. Тибқи маълумоти дастрас кӯдак дар тарбияи бибияш қарор дошта, масъалаи таъмин намудани ӯ бо лавозимоти таълимӣ аз ҷониби волидон ба таври зарурӣ назорат нашудааст.
Шуъбаи маорифи Ёвон низ махсус таъкид кардааст, ки масъулияти таълиму тарбияи кӯдак танҳо ба дӯши муассисаи таълимӣ ва омӯзгор нест. Падару модар бояд барои таҳсил ва иштироки фаъоли фарзанд шароити зарурӣ фароҳам оваранд ва аз рафти таҳсил, ҳозиршавӣ ба дарс ва рафтори ӯ мунтазам огоҳ бошанд.
Бо омӯзгор чӣ мешавад?
Баъд аз баррасии қазия Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон омӯзгор Равшаноро Акрамоваро даъват карда, аз ӯ тавзеҳот гирифтааст.
Дар вокуниши расмӣ гуфта мешавад, ки ба омӯзгор зарурати риояи қонунгузорӣ, одоби касбӣ ва муносибати эҳтиромона бо хонандагон фаҳмонда шудааст.
Илова бар ин, як масъалаи дигар низ ба миён омадааст: истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми дарс. Шуъбаи маориф бо такя ба моддаи 51-и Қонуни «Дар бораи маориф» гуфтааст, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар вақти дарс набояд аз телефони мобилӣ истифода баранд.
Кӣ ҳақ аст?
Шояд саволи «кӣ ҳақ аст - омӯзгор ё модар?» барои шабакаҳои иҷтимоӣ ҷолиб бошад, аммо барои ҳалли мушкил саволи комил нест.
Зеро дар ин қазия чанд ҳақиқат ҳамзамон вуҷуд дорад.
Ҳақиқат он аст, ки кӯдак бояд бо лавозимоти зарурии мактабӣ таъмин бошад.
Ҳақиқат он аст, ки волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти ҷиддӣ доранд.
Ҳақиқат он аст, ки омӯзгор бояд интизоми таълимиро талаб кунад.
Ҳақиқат он аст, ки омӯзгор бояд шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намояд.
Ва боз як ҳақиқати дигар - кӯдак набояд қурбонии баҳси калонсолон дар интернет шавад. Ва аз ҳама муҳимтарин нукта ҳамин аст.
О. СОҲИБОВ