Номам махфӣ аст. Чанд муддат бо аҳли оилаамон дар шаҳри Душанбе иҷоранишин будем. Муддати 8 моҳ бо ҳам то соати 12 -и шаб дар назди дарвозаи мо суҳбат мекардем.
Оминаро чунон дӯст медоштам, ки ишқаш кӯрам карда буд. Модараш аз ишқи мо бохабар шуда, хост моро аз ҳам ҷудо кунад, ман бошам, асло аз ишқи Омина даст кашиданӣ набудам. Ҳатто модару хоҳарамро ба хостгорӣ фиристонида, ҷиддӣ будани мақсадамро баён кардам. Омина ҳам худро ошиқи шайдо вонамуд мекард, аммо рӯзе аз хоҳарам фаҳмидам, ки ӯ бо дигар ҷавонписар шинос шудааст.
Ҷавон донишҷӯ будасту дар хонаи аммаш аз хонаи мо болотар зиндагӣ мекардааст. Хулоса, Омина худро аз ман оҳиста-оҳиста дур кард. Дар ин муддат мо кӯчида, ба шаҳри Турсунзода рафтем. Ман ҳамоно ӯро дӯст медоштам, шабҳои дароз ба шаҳр рафта, дар гирди хонаашон мегаштам, то боре дидорашро бубинам.
Рӯзе дар ҷои кор будам, ки Омина занг зада, маро ба тӯяш даъват кард. Ҳолати онрӯзаи худро тасвир карданам душвор аст. Дилам ба содагиву муҳаббати покам месӯхт. Омина бо шавҳараш ҳатто 1 сол зиндагӣ накарда, ҷудо шуд. Баъд аз чанд рӯзаш додарамро дар шаҳри Душанбе дида, рақами телефони маро гирифта, ба ман занг зад. Вақте бо Омина вохӯрдам, хоҳиш намуд, ки ӯро ба занӣ гирам, вале ман наметавонистам бо зани шавҳардида издивоҷ кунам.
Чанд муддат маро думболагир шуд, вале бо азобе аз ӯ худро халос кардам. Ҳоло Омина ба роҳи бад рафтааст. Борҳо ӯро бо мардҳои калонсолу пулдор дидам. Дилам ба ӯ месӯзад, вале ба ҳамааш худаш гунаҳкор аст.
Ш.