Олимон дар бораи коронавируси нав чӣ мегӯянд?
Коронавируси маккор
Пайдо шудани намуди нави коронавирус бо номи “Омикрон” имрӯз тамоми ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Коронавируси нав бори аввал санаи 24-ноябр дар Африқои ҷанубӣ ба қайд гирифта шуда буд. Вирус бо суръати хеле баланд паҳн шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба дигар давлатҳо доман паҳн кард. Имрӯз гирифторони коронавируси навъи “Омикрон” дар Испания, Австрия, Ҷопон, Канада, Чехия, Дания, Австралия, Белгия, Ботсвана, Португалия, Африқои Ҷанубӣ, Исроил, Нидерландия, Гонконг, Олмон, Шветсия, Британияи Кабир, Бразилия, Италия, Нигерия, Швейтсария ва Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шудаанд. “Омикрон” ҳанӯз ба Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон доман паҳн накардааст, вале ин маънои онро надорад, ки ин давлатҳо аз коронавируси нав сад дар сад дар амон мемонанд. Албатта мол дуо мекунем, ки пою қадами ин беморӣ ба кишвари мо нарасад, аммо ба ҳар сурат барои шинохтани “душман” нишонаҳои онро донистан зарур аст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ
аз чӣ дар ташвишу изтироб аст?
Рӯзи 26-уми ноябр Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) вобаста ба пайдоиши навъи нави коронавирус ҷаласаи фаврӣ барпо намуда, ба ин вирус “Омикрон” ном гузошт ва онро ба қатори намудҳои ташвишвари коронавирус дохил кард. Бояд қайд кард, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ каронавиусҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардааст:
1. Коронавирусҳои қобили таваҷҷӯҳ («Вызывающие интерес» (VOI)
2. Корнавирусҳое, ки назоратро талаб менамоянд (Требующие наблюдения)
3. Коронавирусҳои ташвишовар (“Вызывающие озабоченность» (VOC)
Дар байни тамоми намудҳои коронавирус навъи сеюм, яъне коронавирусҳои ташвишовар (VOC) хатарноктар ба ҳисоб рафта, хусусиятҳои хсаи худро доранд:
1. Суръати паҳншавиашон баланд аст, яъне хеле тез аз шахсони бемор ба одамони солим сироят менамоянд.
2. Бештар боиси бемор шудан мегарданд, яъне ҳатто ду даҳон гап задан бо шахсе, ки ин навъи вирусҳо дар вуҷудаш ҳастанд, кофист, ки одам натанҳо сироят ёбад, балки ба зудӣ бемор шавад.
3. Аломатҳои нав ва хосаеро дороянд, ки дар намудҳои дигари коронавирус дида намешуданд
4. Хавфи ба воксина ва дорӯвориҳои зидди коронавирус устувор буданашон вуҷуд дорад. Воксина ва доруҳои маъмулӣ, ки дар табобати коронавирус истифода мешаванд, метавонанд ба ин навъи вирусҳо, яъне (VOC) асар накунанд.
Ҳамаи ин хусусиятҳо дар навъи нави коронавирус баръало ба назар мерасанд, аз ҳамин хотир Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ “Омикрон”-ро ба гурӯҳи коронавирусҳои ташвишовар дохил карда, онро барои тамоми оламиён хатарнок номидааст, вале....
Табибе, ки “Омикрон”-ро кашф намуд, чӣ мегӯяд?
“Омикрон”-ро кӣ бори аввал кашф намуд? Ин беморӣ бо кадом нишонаҳо аз худ дарак додааст? Оё ҳлатҳои марг аз навъи нави коронавирус ба кайд гирифта шудаанд? –Биёед ҳамроҳ дар такя ба манбаъҳои дақиқи интернетӣ ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб меҷӯем!
Доктор Анжелика Кутзи яке аз табибони номдори Африқои ҷанубӣ ба шумор рафта, соҳиби клинникаи шахсӣ мебошад. Бори аввал навъи нави коронавирусро, ки баъдан “Омикрон” ном гирифт, ҳамин зани донишманд кашф намудааст.
Анжелика Кутзи мегӯяд, коронавируси нав бо ду хусусияти хосааш аз намудҳои пештараи коронавирус “Ковид”ва “Дельта” комилан фарқ мекунад:
1. Гирифторони “Омикрон” мазза ва бӯйро хеле худ ҳис мекунанд.
2. Набзи беморони ба “Омикрон” гирифтор шуда бисёр тез мезанад.
Табиб чи тавр бори аввал бо коронавируси нав рӯ ба рӯ гаштанашро ба ёд оварда, чунин нақл мекунад:
“Ба кллиникаи мо кӯдаки шашсолаеро бо коронавирус оварданд. Набзи бача чунон тез-тез мезад, ки ман аввал дудила шудам ӯро қабул кунам ё не. Ростӣ, ҳеҷ бовар надоштам, ки зинда мемонад, вале ҳамагӣ баъди ду рӯзи табобати ҳоли бемори хурдакак рӯ ба беҳбудӣ ниҳод...”
“Омикрон”-бештар ба ҷавонон мечаспад?
Албатта коронавируси нав ҳанӯз ба пуррагӣ кашф нашудааст, вале дар бораи баъзе хусусиятҳои ин вирус маълумотҳои аввалин пайдо шуда истодаанд:
1. Иддае аз олимону табибон бар он ақидаанд, ки ин вирус бештар ба насли ҷавон мечаспад. Дар гӯрӯҳи хатар одамони то 35-сола қарор доранд, вале ин маънои онро надорад, ки афроди синну солашон аз 40, 50 ё 60 боло ба “Омикрон” гирифтор намешаванд.
2. Кӯдакон ҳам метавонанд ба “Омикрон” гирифтор шаванд.
3. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто антителаҳо пеши роҳи “Омикрон”-ро гирифта наметавонанд ва касе, ки ба наздикӣ “Дельта” ё намуди дигари коронавирусро аз сар гузаронида буд, метавонад дубора ба коронавируси навъи “Омикрон” гирифтор шавад.
4. Баъзе намуди воксинаҳои зидди коронавирус метавонанд ба “Омикрон” таъсир накунанд...
Ба ҳар сурат, айни замон роҳи ягонаи пешгирии коронавируси навро олимон ва табибон дар воксинагузаронӣ ва риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ аз қабили пӯшидани ниқоб, тез-тез шустани дастон бо собун, истифода бурдан аз антисептикҳо ва камтар гаштугузор намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебинанд.
“Омикрон” чӣ нишонаҳо дорад?
Нишонаҳои “Омикрон” ба зӯкоми оддӣ ва хастагии кӯҳнашуда (хроническая усталост) бисёр монанданд. Тавре ки табибон мегӯянд, коронавируси нав одамро бисёр хаставу бемадор гардонида, бемор аз дарди сар ва табби баланд азият мекашад.
Фарқияташ аз намудҳои дигари коронавирус дар он аст, ки беморони гирифтори “Омикрон” маза ва бӯйро хеле хуб ҳис мекунанд ва аслан мушкили нафаскашӣ надоранд.
Вақте ки кас ба “Омикрон” гирифтор мешавад, набзаш бисёр тез зада, таппиши дилаш афзун мегардад.
Чаро бемор худро хаста ҳис мекунад?
Беҳолию бемадорӣ зимни “Омикрон” аз хастагии оддӣ комилан фарқ дорад. Тавре ки яке аз табибони машҳури рус, доктори илмҳои тиб Зухра Павлова мегӯяд:
"Сабаби худро бениҳоят хастаю бемадор ва беқувват ҳис кардани шахсоне, ки ба коронавируси навъи нав, яъне “Омикрон” гирифтор шудаанд, дар тағйиротҳи ҷиддӣ дар системаи муҳофизатии организм, яъне иммунитет мебошад. Ин вирус ба организми инсон ворид шуда, кори тамоми узвҳо аз ҷумла майнаи сар ва системаи асабро вайрон мекунад. Хусусиятҳои хун тағйир ёфта, гардиши хун вайрон мешавад. Маҳз аз ҳамин сабаб бемор худро бисёр камқувват ва беҳолу бемадор эҳсос карда, дилтанг мешавад ва ӯро ҳисси навмедӣ фаро мегирад...”
Тест супоред, агар...
Бадии кор дар он аст, ки маъмулан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аксари одамон тез-тез шамол хӯрда, ба зӯком гирифтор мешаванд ё бар асари норасии нӯри офтоб худро хеле бемадор эҳсос менамоянд. Азбаски нишонаҳои коронавируси нав ба зӯком ва хастагии тӯлонӣ “хроническая усталость” монандӣ доранд, ба осонӣ фарқ кардани ин бемориҳо чандоно сон нест. Аз ҳамин хотир табибон ба шахсоне, ки якбора таббашон баланд шуда, гӯлу ва сарашон дард мекунаду худро бисёр хаставу бемадор эҳсос менамоянд, маслиҳат медиҳанд, ки барои эҳтиёт тести коронавирус супурда, дилпур гарданд, ки ба “Омикрон” гирифтор нашудаанд. Мавҷудияти коронавируси навъи нав, яъне “Омикрон”-ро бо тести маъмулии коронавирус санҷидан имконпазир мебошад.
Ниқоб пӯшед ва воксина гиред!
Тавре ки аллакай кайд кардем, роҳи ягонаи пешгирии коронавируси нави “Омикрон” риоя намудан ба қоидаҳои беҳдоштӣ ва гирифтани воксина мебошад. Саломатии худ ва дигаронро дар хатар нагузошта, ниқоб пӯшед, дастонатонро тез-тез бо собун бишӯед, аз антисептикҳо истифода баред ва ҳатман воксина гиред, агар то ҳол эмгузаронӣ накарда бошед. Воксинаи аз ҳама муфид ба муқобили “Омикрон” ба гуфти баъзе табибон ин “Спутник” мебошад, ки дар Русия истеҳсол шуда, чандн қимат нест.
Боқӣ саломат бошед ва худу фарзандонатонро эҳтиёт кунед!
Ф. Сатторӣ