Commerc banl
Ҷоми рушд-2026: мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷойи панҷумро ишғол кард
24.02.2026
Oila.tj
98

Мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026», ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, зинаи панҷумро касб кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа наврасони мо дастаи Минскро (1:0) мағлуб карда, аз тимҳои Беларус (1:6) ва Қазоқистон (1:3) шикаст хӯрд. Дар рақобат барои ҷойи панҷум мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бар дастаи Озарбойҷон (U-17) бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд.

Иштирок дар «Ҷоми рушд-2026» ба дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон имкон дод, ки таҷрибаи байналмилалӣ касб карда, малакаашро сайқал ва омодагиро ба мусобиқаҳои расмии дарпешистода идома диҳад.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур соли 2021 тими наврасони Тоҷикистон унвони қаҳрамониро соҳиб шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД