Arzon march 2024
“Ҷоми Пешвои миллат” насиби киҳо гашт?
356



Соли панҷум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мусобиқаи варзиши зеҳнӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор мегардад.

Имсол низ 48 нафар ғолибу ҷоизадори ин мусобиқа бо туҳфаҳои пулӣ, медал, диплом ва ҷом қадрдонӣ шуданд.

Мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмоту шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат бо шукуҳи хосса ҷамъбаст карда шуд. Дар маросими ҷамъбаст ва қадршиносии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба ҳозирин барои иштироки фаъолона ва ғолиб омадан дар мусобиқа арзи сипос намуд.

Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ»-и Кумита доир гашта, 48 нафар ғолибу ҷоизадори ин мусобиқа бо туҳфаҳои пулӣ аз 1000 то 6000 сомонӣ, медал, диплом ва ҷом қадрдонӣ шуданд.

Дар ин бора «Ховар» дар такя ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД