arzon replenishment
Ҷомӣ Олимов: Вақте блогерро дашном медиҳанд....
06.07.2024
ОИЛА.ТҶ
679

Ҷомӣ Олимовро дар фазои маҷозӣ бештар бо тахаллуси Лерик мешиносанд. Ӯ аз ҷумлаи блогерони машҳури тоҷик аст, ки солҳо боз дар Инстаграм фаъол аст ва ҳоло зиёда аз 355 ҳазор обуначӣ дорад. Бештар ба таҳия ва нашри наворҳои ҳаҷвӣ машғул буда, мавзӯи марказии эҷодиёташ муносибати ҷавонон мебошад.

Мо бо Ҷомӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти блогериаш суҳбат кардем, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

- Солҳои зиёд аст, ки шумо дар Инстаграм фаъол ҳастед, блогерӣ барои шумо касб аст ё шуғл?

- Дуруст қайд кардед, ман аз соли 2016 дар ин соҳа ҳастам. Он замон рэп мехондам ва ҳамзамон кору пайкори блогерони машҳур ба монанди Tojikonshov, Taj_deeshey, Jononisher ва дигаронро пайгирӣ мекардам. Ҳамин тавр, ман ҳам бо чанде аз рафиқонам корро дар самти блогинг оғоз кардем. Дар аввал ин корро ҳамчун шуғл қабул карда, дар вақтҳои бекорӣ ба таҳияи навор машғул мешудам, аммо рафта-рафта кор ранги дигар гирифт ва ба ин соҳа таваҷҷуҳ хеле зиёд шуд. Акнун, блогерӣ кори асосии ман маҳсуб меёбад.

- Мо шуморо ҳамчун блогери фаъол мешиносем, чаро имрӯзҳо камфаъол шудаед. Тавре мушоҳида кардем, охирин навори нашр кардаатон санаи 24-уми март аст. Чаро чунин аст?

- Сабаби асосии камфаъолӣ ба ихтиёри худ будану корфармо надоштан аст. Ман медонам, ки агар дар гурӯҳи блогерие аъзо мебудаму продюсер медоштам, то ин ҳад танбал намешудам, аммо чун ҳамеша ба ихтиёри худам ҳастам, каму беш фориғболӣ мешавад.

- Тавре медонем, наворҳои шумо бештар бо блогери шинохта Ҷонон Ашӯрова таҳия мешуданд, пас аз оиладор шудани Ҷонон бо киҳо ҳамкорӣ кардан мехоҳед?

- Сараввал, ба Ҷонон тамоми хушбахтиҳои ҳаётро таманно дорам. Дар мавриди ҳамкорони нав бошад, ҳоло аз гуфтани номҳояшон худдорӣ мекунам. Беҳтараш вақте ки наворҳои навро нашр кардем, шинос мешавед.

- Умуман дар саҳифа ва наворҳои блогерон будани духтар то кадом андоза муҳим аст?

- Ҳузури ҷинси латиф дар ҳар блог ба фоидаи кор аст, зеро таваҷҷуҳ бештар ҷалб мешавад. Махсусан, блогероне, ки оилавӣ ё бо дӯстдоштаи худ фаъолият мекунанду ба таҳияи навор машғуланд, имкон доранд аудиторияи калонро ба даст оранд.

- Блогерони зиёде бо ҳам дӯсту бародар ҳастанд, оё як писару як духтар бо ҳам дӯст буда метавонанд?

- Бале, ин имконпазир мебошад ва мисоли зинда он аст, ки ману Ҷонон ҳоло ҳам дӯст ҳастем.

- Мақсадатон аз таҳияи наворҳои ҳаҷвӣ чист?

- Табъи мардумро хуш гардонидан. Мо дар наворҳоямон, ки одатан маънову мазмуни сабук доранд, кӯшиш мекунем лаҳзае бинандаамонро бихандонем ва хушҳолӣ ҳадя намоем.

- Наворҳои шуморо бисёртар наврасону ҷавонон мебинанд. Оё тавассути интернет ҷавононро тарбия кардан имонпазир аст?

- Албатта, ҳоло таъсири блогингу блогер ба ҳаёти ҷомеа хеле назаррас аст. Ба фикри ман насли наврасро бо блог тарбия кардан мумкин аст, зеро онҳо ба мо хеле зиёд таваҷҷуҳ доранд.

- Блогер дар Тоҷикистон даромади хуби молӣ дошта метавонад?

- Шояд даромади хубе, ки шумо ва аксарият дар назар доред, 10-15 сол пас блогеронамон ба даст оварда тавонанд.

- Блогинг дар кишвари мо чӣ мушкилӣ дорад?

- Мушкилоти ҷиддӣ мавҷуд нест, танҳо шакли қабули мардум беҳбудӣ мехоҳад. Баъзан моро нодуруст фаҳмида, дашномборон мекунанд, ки ин хуб нест.

- Агар аз дастатон меомад, кадом мушкили блогеронро ҳал мекардед?

- Дар соҳаи мо аз ҳама муҳим сифати кор аст. Агар имкон медоштаму аз дастам меомад, аз ҳама дастгоҳи баландсифати дунёро оварда, масъалаи сифати наворҳои блогеронро хуб мекардам.

- Ҳолатҳоеро мебинем, ки блогеронро бо ҷурми қабеҳгуфторӣ ва пӯшидани либосҳои нохуб ба муҳлатҳои гунонун ба ҳабс мегиранд. Дар ин маврид назари шумо чист?

- Дар ин масъала фикри ман каме дигар аст. Бештари ҳолатҳое, ки блогеронро барои дағалгуфторӣ паси панҷара мебаранд, айби обуначиҳояшон аст. Яъне, онҳо дар пахши мустақим бо аудиторияашон суҳбат мекунанд, вале дар миён нафароне пайдо мешаванд, ки дашном медиҳанд ва блогерон ҳам худро аз даст дода, мисли онҳо ҷавоб меиҳанд. Дар натиҷа, боз касоне пайдо мешаванд, ки ҳамон пахши мустақимро сабт карда, дар дигар саҳифаҳо мегузоранд ва мақомоти интизомӣ барои ин гуна амалҳои ношоиста блогеронро ҷазо медиҳанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки дағалгуфторӣ беҷазо монад, аммо яқин медонам, ки бисёр вақт бо айби корбарон ин гуна ҳолатҳо рух медиҳанд.

- Чӣ бояд кард, то ки блогинг дар кишвари мо монанди дигар касбҳо пурифтихор гардад?

- Фикр мекунам, то андозае ҳоло дар ҷумҳурии мо блогинг рушд карда истодааст ва қадру қиммати блогер рӯз аз рӯз меафзояд. Ҳоло блогер ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият мекунад ва тамоми паҳлуҳои кораш бо қонунгузорӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ мувофиқанд.

- Ҳар он чизе, ки аз блогерӣ мехостед, дарёфт кардед?

- Бале, шукри Худо ба ҳамаи орзуҳоям расидам.

- Ният надоред, ки бо блогерони хориҷӣ ҳамкорӣ кунед?

- Агар имкон пайдо шавад, албатта ҳамкорӣ мекунам, зеро аз наворҳои онҳо шавқманд шуда, кор мекунем.

- Ба ҷуз блогерӣ боз ба чӣ корҳо машғулед?

- Ба тиҷорат машғулам.

- Чанд сол пеш рэпсаро ҳам будед, дигарбора намехоҳед рэпхониро оғоз кунед?

- Не, ба рэпхонӣ дигар баргаштанӣ нестам. Ҳар кор замони худашро дорад.

- Ҳоло ба вазъи рэпи тоҷик чӣ назар доред?

- Ҳоло дар гӯши мардум як садо аст, садои рэпхонии Барон. Шахсан ман, дигар рэпсароёнро намебинам.

- Дар оянда чӣ корҳо карданиед?

- Мехоҳам бо ҳама блогерон ҳамкорӣ кунам ва ҳамчун блогери фаъол миёни ҷомеа боз ҳам шинохтатар шавам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД