Наврӯза Сангиноваи 47-сола зодаи шаҳри Истаравшан аст. Зиёда аз 20 сол мешавад, ки ӯ қолинбофӣ мекунад. Мавсуф ин ҳунарро дар мактаби миёна аз маҳфили "қолинбофӣ" омӯхтааст. Соли 1996 бо пешниҳоди модараш ба кооперативи "Хотира", ки қолинҳои дастӣ истеҳсол мекард, ба кор медарояд ва он ҷо ҳунарашро сайқал медиҳад.
"Дар кооперативи "Хотира" қариб чор сол фаъолият кардам. Он ҷо қолинҳои гуногуни дастӣ истеҳсол мекардем. Он замон талабот ба қолинҳои дастӣ хеле зиёд буд. Ҳатто занони ҳунарманд дар хонаҳои худ қолин бофта мефурӯхтанд ё бо чунин корхонаҳо шартнома мебастанд. Ҳамин тавр ба қолинбофӣ меҳр пайдо кардам ва баъди оиладор шудан низ ин ҳунарамро идома додам",- нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони мо ба хонаводаи қолинбофони маъруфи тоҷик, оилаи Ҳамдамовҳо келин мешавад. Назар ба гуфти ӯ навъҳои дигари ҳунари қолинбофиро дар коргоҳи хусусии тиҷоратию истеҳсолии қолинбофии хусураш Абдуҷаббор Ҳамдамов аз худ мекунад. Бо гузашти вақт қолинбофӣ ба касби дӯстдоштаи қаҳрамони мо табдил меёбад.
"Ҳамин ки вақти холӣ ёфтам, даррав сари дӯкони қолинбофӣ мешинам. Аз бофтан лаззат мебарам, фикр мекунам қолинбофӣ ба кас оромӣ мебахшад. Ҳамзамон, қолинҳои дастӣ хусусияти шифобахшӣ доранд",- мегӯяд қаҳрамони мо.
Назар ба гуфти ӯ, қолинҳои дастӣ дар гармӣ сардиву дар сардӣ гармӣ медиҳанд ва барои муътадил шудани ҳарорати хона низ кумак мерасонанд. Ӯ мегӯяд дар гузашта мардум дар девор барои зиннати хона қолин мезаданд, ки баробари зебоӣ бахшидан овозҳои гӯшхарошро дур месохт.
Наврӯза Сангинова қолинҳояшро дар тарҳу намои миллӣ бо истифодаи нақшҳои қадима меофарад. Ӯ бештар аз нақшҳои геометрӣ, исломӣ, ориёӣ ва зооморфӣ истифода мебарад. Қаҳрамони мо бо истифода аз ин нақшҳо рӯйи қолин асари мукаммалеро эҷод мекунад, ки диққати бинандаро ба худ ҷалб месозад. Наврӯза ҳамзамон ба чеҳранигории рӯйи қолин машғул аст.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд пеш аз бофтани қолин дар варақ ангораашро тасвир мекунад. Сипас дар коғази тақсимотӣ бо хати шикаста мегузаронад ва аз рӯйи он дар дӯкони қолинбофӣ ришта мекашад. Назар ба гуфти Наврӯза, дар коғази тақсимотӣ рангҳои ришта ва чӣ қадар сарф шудани онро муайян мекунад. Ӯ барои қолинбофӣ аз сӯзани махсус, корд, шона, хаткашак, дастгоҳ, тасмаи ченкунӣ корди қолинбофӣ истифода мебарад.
Қаҳрамони мо то имрӯз ба воситаи риштаҳо даҳҳо асар офаридааст. "Қалъаи Муғ", "Нишони давлатӣ", "Парчами давлатӣ", "Об манбаи ҳаёт", "Нақши чакан", "Тоҷикистон ватани азизи ман" "Ваҳдат" ва ғайра гунаҳои офаридаи ӯянд.
Наврӯза Сангинова аз соли 2009 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба ҳунаромӯзон аз рӯйи ихтисоси қолинбофӣ дарс медиҳад. Қаҳрамони мо соли 2013 барои такмил додани ҳунараш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси қолинбофии дастӣ низ таҳсил кардааст.
Қаҳрамони мо мегӯяд ба ҳунарҳои дастӣ ҳамавақт талабот ҳаст, хоса дар замони рушди шабакаҳои иҷтимоӣ фурӯши маҳсулоти дастӣ осон ва қулай гаштааст. Ба гуфти ӯ, занҳои бекор хуб мешуд ҳарчи бештар ҳунар омӯхта, барои муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик саҳм гузоранд.
Наврӯза Сангинова то имрӯз дар озмуну фестивалҳои зиёди ҳунармандӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Соли 2023 дар фестивали ҳунармандони Истаравшан дар номинаи қолинбофӣ сазовори ҷойи аввал гардида, "Беҳтарин қолинбоф"-и шаҳри Истаравшан эътироф шудааст.
Наврӯза Сангинова сазовори даҳҳо диплом ва сипосномаву ифтихорнома гардидааст. Вале, ӯ мегӯяд, беҳтарин сипосномаву ифтихорнома - ин шогирдони тарбиякардааш мебошад, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори мамлакат ба ҳунармандӣ машғуланд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ