arzon november
Олимон ҳушдор медиҳанд: Соли 2022 коронавирусе наве пайдо мешавад, ки марговартар аст!
3259


Коронавирус-бемории хатарнок ва маргзое, ки тамоми сокинони сайёраи заминро ба даҳшат оварда, қариб ду сол боз панҷаҳояшро аз гиребони бани башар ҳеҷ раҳо намекунад. Дар ин муддат садҳо ҳазор одамон дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам аз ин бемории ҳамагир ҷон ба ҷонофарин супурданд. Ин вируси бераҳм ба аждаре мемонад, ки на ба пир тараҳҳум мекунад, на ба ҷавон, на ба бою на ба камбағал ва на нобиғаву на ба бечора. Дар бадали ду сол коронавирус дар баробари одамони оддӣ ҷони садҳо афроди фозилу донишманд ва оқилу ҳунарманду боистеъдодро рабуд.

Пас аз ихтирои воксинаҳои зидди коронавирус маргу мир нисбатан камтар шуда бошад ҳам, ҳамоно дар баъзе кишварҳо аз қабили Амрико, Бразилия ва Ҳиндустон ҳамарӯза коронавирус ҷони садҳо нафарро мерабояд.
Олимон пешгӯӣ кардаанд, ки соли оянда ин бемории ҳамагир дар сар то сари ҷаҳон аз нав авҷ мегирад. Аз ҷумла иммунолог Сай Редди– таҳлилгари Мактаби олии техникии Сюрих ҳушдор додааст, ки соли 2022 штамми нави коронавирус зуҳур хоҳад кард, ки нисбат ба навъҳои пештара хатарноктар аст. Ба қавли Сай Редди коронавируси штамми нав дар соли 2022 сар то сари оламро фаро мегирад ва ин оғози пандемия-ҳамагирии нав буда метавонад, ки нисбат ба пештара хеле шадид ва марговартар хоҳад буд.
Пешгӯии олим касро ба андеша мебарад, охир коронавирус ин мошин ё компютер нест, ки навъ ва намудҳои нав ба навашро тарҳрезӣ карда пешакӣ дар борааш маълумот диҳанд. Ё штаммҳои нав ва нави ин вируси маргзо махсус барои “сабук кардани бори Замин” ба таври пинҳонӣ дар лабораторияҳои пӯшида ихтироъ карда мешаванд?!
Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Андешаатонро нависед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Орифҷон 2021-09-22, 19:59
Бустон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Орифҷон 2021-09-22, 19:59
Бустон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
1xbet footer