1xbet
Олими тоҷик дар Корея медали тилло ба даст овард
09.06.2025
Oila.tj
498

Муовини директори Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рухшона Аловиддинзода дар намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор «KIWIE- 2025», ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, медали тилло ба даст овардааст.

Бино ба иттилои ДМТ, дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ 445 намунаи ихтирооти занони ихтироъкори 15 кишвари дунё ба намоиш гузошта шудааст. Тоҷикистонро 10 нафар ихтироъкорзан намояндагӣ кардаанд, ки бо ихтирооти инноватсионӣ ва муҳим дар соҳаҳои гуногун баромад намудаанд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни як ҷаласа таъкид доштааст, ки “медали тиллои бадастовардаи Рухшона Аловиддинзода бозгӯи сатҳи баланди дониш, маҳорати илмӣ ва кӯшиши пайвастаи олимони тоҷик, махсусан занон дар роҳи рушду густариши илму технология мебошад”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД