Arzon march 2024
Ғолибонро пул интизор аст
432

Санаи 15-апрел дар Тоҷикистон “Рӯзи пойтахт” ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, соати 8-и субҳи рӯзи 15- апрел дар шаҳри Душанбе ниммарафони 13-ум оғоз мегардад.

Дар ниммарафон иштироки варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин меҳмонони хориҷӣ аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Кения, Эфиопия ва дигар давлатҳо дар назар аст.
Дар робита ба баргузории ниммарафон аз соати 8 қисмате аз роҳҳои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (роҳи бетонӣ) то гардиш ба Чорбоғ, хиёбони Рӯдакӣ то майдони Дӯстӣ (то муҷассамаи Исмоили Сомонӣ) баста мешаванд. Марафон то соати 11 идома меёбад. Аз ронандагон дархост мешавад, ки дар вақт аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

         Ғолибонро мукофотҳои пулӣ интизор аст:
Ҷойи 1-ум: 39200 сомонӣ;
Ҷойи 2-юм: 33600 сомонӣ;
Ҷойи 3-юм: 28000 сомонӣ;
Ҷойи 4-ум: 22400 сомонӣ;
Ҷойи 5-ум: 20160 сомонӣ;
Ҷойи 6-ум: 16800 сомонӣ.
Дар ин бора “Азия Плюс” дар такя ба шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки ниммарафон дар Душанбе аз соли 2010 баргузор мешавад. Соли 2013 ниммарафони Душанбе ба тақвими бозиҳои Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давидан ба масофаҳои дароз дохил шуд. Масофаи он 21 километру 97,5 метрро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД