Рӯзҳои 11-22-юми июли соли равон дар шаҳри Бати Шоҳигарии Британияи Кабир Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика «IMO-2024» (International Mathematical Olympiad) баргузор гардид.
Дар он довталабон аз 110 давлати дунё иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонандагон муаррифӣ намуда, сазовори 2 медали биринҷӣ ва 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки пеш аз иштироки даста дар панҷ олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» даврҳои интихобӣ барои иштирок ва муаррифӣ гузаронида шуд.
Даврҳои интихобии Олимпиадаи ҷаҳонии «IMO-2024» моҳи май баргузор карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз 46 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуданд. Аз байни иштирокчиён 6 нафар хонанда барои иштирок дар даври ниҳоии олимпиада роҳхат гирифтанд.