arzon replenishment
Ғолиб донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ аст
1392

Шукрона Тоҳирӣ, донишҷӯйи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид.

Шоҳҷоиза ба ӯ дирӯз, 15 ноябр зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тақдим шуд ва онро ба ғолиб муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён супорид.

Шукрона Тоҳирӣ дар озмун аз рӯйи номинтасияи адабиёти муосир дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби 70 ҳазор сомонӣ гардид.

Зимни суҳбат барандаи Шоҳҷоиза иброз дошт, ки “сазовор гаридидан ба Шоҳҷоиза масъулияти инсонро дар назди ватану миллат дучанд мегардонад. Ман низ бо кӯшиш ва дониши худ баҳри ободии Ватани азизам хизмат мекунам. Сипос ба Сарвари давлат, Пешвои маҳбуби кишвар, ки барои такмили дониши аҳли ҷомеаи Тоҷикистон чунин озмунҳоро роҳандозӣ менамоянд”.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандаи синфи 10-и МТМУ 8-и ноҳияи Данғара сазовори “Шоҳҷоиза” дониста, соҳиби 70 ҳазор сомонӣ шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД