Arzon march 2024
Оинаи чашми духтар - Модар
702

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест,

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил,

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

Модар! Шумо чашмаи ҳастии инсон ҳастед ва ҳаёти инсон ба Шумо вобаста. Калимаи Модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синнусоли мо чанде, ки набошад, ҳоҳ тифл бошем ҳоҳ калонсол, барои мо Модар навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадре, ки муҳаббати кас ба Модар зиёд бошад, ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст.

Аё модар ба қадрат мерасам ман,

Агар чанде ҷавону наврасам ман.

Аз ин хусус намунаҳои зиёде мавҷуданд, ки дар онҳо руҳияву эҳсоси модар ва фарзанди дурафтодаи ў ифода ёфтааст. Чунончи, духтаре дар фироқи модар ва мавқеъу манзалати ў чунин сурудааст:

Шабҳои дароз ман бидўзам чодар,

Дар сар бизанам ҳамеша гўям: модар.

Не хоҳару не додар ба ҷои модар,

Оинаи пеши чашми духтар модар.

Модар! Шумо шахси муқаддас ҳастед вақте, ки симои шумо пеши назарамон меояд аз чашмонатон, аз тамоми ҳастии шумо нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад.

Модар офарандаи ҳаёту мамот буда аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмондана нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.

Яъне, модар арҷмандтарин шахсест, ки ҳеҷ кас дар зиндагӣ ҷойи ўро гирифта наметавонад, на хоҳару бародар, на падар ва на холаву амма. Муроҷиату муносибати фарзандони дурафтода ҳама ба сўйи модар нигаронида шудаанд ва дарди алами фарзандро касе ҷуз модар дуруст дарк карда наметавонад.

Гандумаки зарзарӣ, ба кўтал гузарӣ,

Аҳволи мара ба пеши модар бубарӣ.

Модара бигў, гашта гадоӣ бикунад,

Аз бахшаки ман оши худоӣ бикунад.

Ҳамин тавр, муносибатҳои иҷтимоие, ки дар зиндагӣ рўй медиҳанд, ҳатман онҳо дар шаклҳои шеърӣ ифода ёфтаанд. Дар замони Шўравӣ ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ мебурданд ва имрўзҳо ҳам мебаранд.

Модарон пайваста дар ёду фикри фарзанд буданд. Як анъанае буд, ки ҷавони ба хидмат даъватшуда кулча ё нонеро як газ мегирифт, яъне онро насиба мекард. Модарон бовар доштанд, ҳатман фарзандашон сиҳат саломат бармегардад ва боқимондаи нонро боз мехўрад. Ин як навъ эътиқод, як воситаи таскиндиҳандаи дили модарон буд.

Дар як байти хеле машҳури Низомии Ганҷавӣ омадааст, ки:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Ин байт дар асоси яке аз ҳадисҳои ҳазрати Расули акрам (с) эҷод шуда, дар байни мардум паҳн шудааст ва гуфтан мумкин аст, ки он ба шакли зарбулмасал дар байни мардум роиҷ гардидааст. Дар он мақоми модар ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё хеле баланд бардошта шуда, таъкид мешавад, ки ҳатто ҷаннат – макони беҳтарини охирати инсонҳо дар зери қадамҳои модарони мо хоҳад буд.

Барои он ки меҳнати модарро фарзандон бидонанд, мегўянд, ки «То баччадор нашавӣ, ба қадри падару модар намерасӣ!». Яъне, он ранҷу азобҳое, ки модару падар мекашанд, танҳо пас аз фарзанддор шудан мефаҳмӣ, ки модарат барои ту чи қадар ғамхорӣ кардааст. Воқеан, модар ҳамон тарзе ки дилаш мехоҳад, ҳамон тавре ки муҳит талаб мекунад, фарзандро тарбия мекунад. Барои ҳамин ҳам халқ мегўяд, ки «Бачча – лой, модар – кулол». Дар ин зарбулмасал манзараи кулолӣ ё кўзагарӣ бозтоб шуда, ки кулол чӣ хеле ки мехоҳад, лойро ба ҳамон усул тоб медиҳаду шакл месозад ва модар ҳам ба ҳамон орзуву мақсаде, ки ў дар солҳои зиёд мепарварид, фарзандашро дар ҳамон роҳ тарбия мекунад. Яъне, фарзандро дар роҳи дуруст, роҳи нек, ростиву росткорӣ, некиву накўномӣ, родмардиву адолатхоҳӣ, дар роҳи инсони комил шудан парвариш менамояд.

Ҳамаи шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорон, адибону шоирон ҳама фарзандони модар ҳастанд. Ҳама ба бузургии модар қоил будаанд ва ҳамин мазмун дар як зарбулмасал омадааст, ки: «Мардро модар бошад тоҷи сар». Яъне, ҳар куҷое, ки марде ҳаст, модар тоҷи сари ў аст, баракати хонадону давлати ўст, роҳнамои зиндагию маслиҳатгари ў мебошад.

Васфу ситоиши модарон дар байтҳои халқӣ низ баён гаштаанд. Дар яке аз чунин байтҳо гуфта шудааст, ки пайваста дар пайи хидмати модар бояд буд, то ки ҳамеша дар роҳат бошад:

Модарро азиз гўянду фарзандро ширин,

Ҷуз он дар роҳату ин дар меҳнат мабин.

Шоире нест, ки дар васфи модар ва ё дар васфи ватан мисрае нагуфта бошад. Ҳамчунин нависандагону олимони фарзона тавсифи модарро дар асарҳои арзишманди хеш баён намудаанд.

Хизмати модар намудан қарзи ҳар кас будааст,

Хизматаш ҳар кас накард номарду нокас будааст.

Пас, биёед модаронамро дӯст дорем, ҳурмат кунем то он даме, ки онҳо ҷон дар баданашон доранд на баъди маргашон.

Гуфтам Модар? Гуфт ҷонам,

Гуфтам дард дорам? Гуфт бачаҷонам,

Гуфтам хастаам? Гуфт парешонам

Гуфтам гурустнаам? Гуфт бихӯр аз саҳми нонам.

Гуфтам куҷо бихобам? Гуфт руи чашмонам.

Ман якбор нагуфтаам, ман хубам шодам модарам, ҳамеша аз дард гуфтаму аз ранҷ. Акнун ман мехоҳам, ки ба тамоми олам фарёд занам:

- Модарҷон, ман шуморо дӯст медорам!

Ф. РАҲИМОВ,

н.и.и. дотсенти кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД