ИДОМААШ...
Ғам нахӯр ин дафъа фарзанди ба никоҳ таваллуд мекунӣ гӯён худро ба ман наздик кардан мехост. Хашмам нисбати раис зиёдтар мешуд. Пирхари беимон баробари бобоям пояш ба лаби гӯр расидаасту бо наберааш ишқварзӣ кардан мехоҳад, меандешидам ба худ. Ниҳоят ӯ ба ман таклифи хонадорӣ кард. Ман бошам ӯро рад кардам. Ман намехоҳам ба души хонаводаи шумо бор шавам. Шумо зану фарзанд доред. Сафсатагӯиро бас кун. Набошад аз кор меронамат дар кӯча мемонӣ. Хуб фикр кун чуҷаи парӣ. Тайёр шав бегоҳ муллоро оварда никоҳ мекунем гуфту баромада рафт. Бо ин марди шикамкалон зистан бароям марг беҳтар аст гӯён, бегоҳ нашуда аз он ҷо гурехтам. Роҳравон удро маломат мекардам, ки шояд суханони модарамро гӯш мекардаму ин рӯзҳои сахтро намедидам. Бо ин сари вайрону дили ҳайрон роҳ мерафтаму ногоҳ садои сигнали мошин беист баланд шуду, ман бошам рӯи роҳ афтида беҳуш шудам. Дигар чизеро дар ёд надорам. Ҳангоме, ки чашмонамро кушодам болои сарам ҳамон раиси шикамкалон меистод.
Тамоми баданам аз дард месӯхт. Ашк беихтиёр аз чашмонам ҷорӣ мешуд. Раис бошад, дастрӯймолашро бароварда меҳрубонона ашки чашмамро тоза мекард. Дигар аз ин мард раҳо намеёбам меандешидам ба уд. Ӯ бошад то ба по хестани ман аз назди беморхона дур намерафт. Пас аз ду ҳафта захмҳоям каме шифо ёфтанду ӯ маро аз беморхона гирифта ба хона овард. Он рӯз раис мулло оварда моро никоҳ кард. Дигар чорае надоштам. Чунки дигар қувваи коркуни надоштам. Як поям маъюб шуда буд. Ба ӯ нафратам меомад. Ӯро дӯст намедоштам. Чунки аз рӯи ӯ ба ин ҳол гирифтор шуда будам.
Аламам дучанд мешуд. Мегиристам як духтари зебо бо як хатои тақдирсӯзи ҷавонӣ ҳам аз бат маҳрум шудаму, ҳам аз пой. Бо гузашти айём аз ин мард духтарчадор шудам. Раис духтарчаамро мисли гул парвариш мекард. Ӯ калонак шуда мисли модар ҳусну ҷамоли зебо дошт. Баъди 15-соли хонадорӣ иллати пойҳоям авҷ гирифту дигар роҳ гашта натавонистам. Шавҳарам маро ба як аз осоишгоҳҳои пойтахт бурд. Дар ин ҷо табобат мегирифтам. Духтарам низ ҳамеша дар барам буд.
Маро нигоҳубин мекард. Дар беморхона бошад як ҷавони зебое маро муолиҷа мекард. Ӯ зуд-зуд аз ҳолам хабар мегирифту маро хуб нигоҳубин мекард. Аз суханони ширину аз нигоҳҳои пур аз меҳри ӯ дарк мекардам, ки ӯ ба духтарам Паймона ошиқ шудааст. Бисёр ҷавони зебою хушчақчақ. Одобаш низ ба ҳуснаш ҳусни дигар зам мекард. Меҳри ӯ дар мағзу устухонам ҷой гирифта буд. Паймона низ ба ӯ дил баста буд. Ҳар лаҳза ӯро дидан мехост. Рӯзи охирини истироҳатамон шавҳарам барои бурдани мо омад.
Ашк дар чашмони ду ҷавони ошиқ ҳалқа мезад. Холаҷон ҳатман ба хабаргирии шумо меравам мегуфт, он ҷавон. Он рӯз он ҷавон рақами телефонашро ба Паймона дод. Онҳо шабу рӯз бо ҳам дар тамос буданд. Рӯзе Паймона хурсандона ба наздам омада гуфт, ки он ҷавон ба хостгории ман меомадааст. Хурсандии ӯ ҳадду канор надошт. Бегоҳ тибқи ваъда меҳмонҳо омаданд. Баъди хӯрдани таъом меҳмонҳо ба сари мақсад омаданд. Барои гирифтани розигии модар шавҳарам ба назди ман омад. Ҳангоме, ки саргузашти он ҷавонро шунидам, зуд фотиҳаро рад кардам. Фишорам якбора баланд шуд. Худоё ӯ писари ман аст.
Аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки зуд меҳмонро гусел кунад. Духтарам ҳайрон шуд. Модарҷон шумо ӯро аз ман бештар дӯст медоштед чаро чунин кардед. Ашк аз чашмони ман беихтиёр ҷорӣ мешуд. Паймона бошад, зораю илтиҷо мекард, ки маро аз ӯ ҷудо накунед. Забонам пеш намерафт ки ба ӯ гӯям ки он ҷавон бародарат будааст. Бовар кардан бароям мушкил буд. Маълум шуд ки писари маро аз ятимона як сардухтур ба фарзандӣ қабул кардааст. Субҳи барвақт ба суроғи он духтур рафта ба ӯ вохӯрдам. Чи тавр аз писарам ҷудо карданамро ба ӯ нақл кардам. Гиря мекардам зора мекардам, аммо суханони ман ба ӯ хуш наомад. Аз писарам дур шав гуфт. Моро ба ҳоламон гузор.
Он мард бо чи қадар азобу шиканҷа ба воя расонидани писару чи гуна будани модари ҳақиқиро ба ман омӯхт. Маро бе корд кушт. Бо лабу лунҷи овезон ба хона баргаштам. Ҳақиқатро ба духтарам Паймона нақл кардам. Ӯ шабу рӯз дар кунҷи танҳои мегиристу мегирист. Дар ҳаётам боре хушбахтиро эҳсос накардаам. Ҳамеша аз дарду ранҷ ва азоби танҳои ашк рехтаму нолидам. Дирӯз Паймона нақши гулдӯзиеро, ки дар он расми аккаву хоҳар бо номи Паймона ва Анӯш тасвир шуда буд оварда ба дастам дод. Илтимос кард, ки ӯро бурда ба бародарам Анӯш расонам. Маҳсули дасти уди Паймона буд. Туҳфаи ӯро гирифта ба ҳамон беморхона бурда ба дасти ҳамширае равон кардам. Дере нагузашта писарам ба берун баромада ба гирду атроф нигаристу боз ба дарун даромад. Аз он рӯз инҷониб ҷои зисти ман паси беморона буд. Ҳар боре ки хумори писарам гирад омада аз дур қади зебояшро тамошо мекунем. Шояд мардум маро девон хонанд?
Чи мегӯӣ ба ман талху киноя
Чи механдӣ ба савдои дили ман.
Намедони чи исёнҳо гузашта
Дар ин дунё зи дунёи дили ман.
АНҶОМ!
Сурайё Рабиева ноҳияи Ҳисор