Идомааш...
“Аслан хурдсолон бояд аз калонсолон бахшиш пурсанд, вале ман бо ҳамин мӯйи сафедам омадам, ки аз ту узр пурсам. Саришта кардани зиндагӣ барои мани кампир бисёр душвор аст, бар замми ин, Аҳмад ҳар рӯз “занам аз рӯйи ту баромада рафт” гуфта, бо ман ҷангу ҷанҷол мекунад, келинҷон, биё гузаштаро фаромӯш карда, зиндагиамонро давом медиҳем” гӯён модаршӯям оби чашмашро пок кард.
Дилам ба хушдоманам сӯхта хостам ҳамроҳаш равам, вале модарам аз дастам гирифта маро ба дарун тела дод ва теғ кашида ба қудояш нигаристу гуфт: “Дар вақташ ба ту келину набера даркор набуд, акнун имрӯз даркор шуда монд?! Ман тору пуди ту, каждуми бекафанро медонам! Ту барои ислоҳ кардани хатоят не, барои аз зиндон халос кардани сағераи ҳаромхиштаки муштзӯрат ба ин ҷо омада, сари духтари содаи маро гаранг карда истодаӣ. Дониста бош, то рӯзе, ки ман зинда ҳастам, дигар духтарам пою қадамашро ба он гадохонаи пур аз ғурбати шумоён намегузорад! Бачаи маймунатро бошад, барои таҷовуз ва мушту лагадҳои задааш дар пушти панҷара ҷо мекунанд...” Хушдоманам навмед ба хонааш баргашту мани ба қавли модарам “содаю гаранг” ба андеша рафтам, ки агар Аҳмадро суд кунанд, тақдири ману фарзанди зиндаятимам чӣ мешуда бошад...
Бозгашт ба хонаи шавҳар
Ду рӯз пас як дугонаи модаршӯям ба хонаамон омад ва чашми акаву модарамро хато карда оҳиста ба ман гуфт: “Хушдоманат сахт касал шудааст, Худо медонад, ки чанд рӯзи дигар умр мебинад. Гапи маро бигирӣ, ба хонаи шавҳарат баргард. Очаву акаат ҳозир туро эркаю азиз карда худашонро ширин мекунанд, вале пагоҳ, ки бачадор шудӣ, санги осиёро дар сарат гардон мекунанд. Ягон кӯдак дар хонаи бибию тағо хушбахт нашудааст, ки фардо фарзанди ту шавад. Ҳар бачаро хонаи падари худаш мебардорад, хоҳ бад бошаду хоҳ нек...”
Хулоса, модаршӯйи макораам бо ҳилаву найранг дили маро гарм карда ба бозгашт моил намуду дар набудани модарам чизу чораамро гирифта ба хонаи хушдоманам омадам.
Оқимодар
Гумон доштам, ки Аҳмад ва модараш аз карда пушаймон шудаанду акнун ҳаётамон ширин мешавад, вале хаёлам хом баромад. Ҳанӯз аз бозгаштам як ҳафта нагузашта аҷузкампир боз ҳамон қилиқҳои куҳнаашро сар кард. Акнун ҳар рӯз вай маро таъна зада мегуфт:
-Ҳа, бойдухтар, акаи мағруру очаи даҳонкалонат туро ақаллан як сол дар хонаашон бонӣ карда натавонистанд?! Нозу таманно карда, ҳамроҳи очаат хонаи моро оғилхонаю гадохона гуфта баромада рафтӣ, ана боз ба ҳамин кулбаи вайрона зор шуда баргаштӣ-ку!
Аҳмад аз пештара дида бераҳмтар гашта буд ва гӯш ба қимор меистод, ки кай модараш ҷангро сар мекунад. Очаю бача якҷоя шуда, мани бемуттакоро чунон бераҳмона мезаданд, ки фиғонам ба фалак дакка мехӯрд.
Ба хотири бахт ба ҳамааш тоқат карда, бо умеди рӯзҳои нек писарчаамро ба дунё овардам, вале тавлиди фарзанд низ дили сангини шавҳару хушдоманамро нарм карда натавонист. Кӯдакам ҳанӯз нуҳрӯза нашуда, очаву бача мани нав зоидаро зери мушту лагад гирифтанд. Косаи сабрам лабрез гашт, тифлаки парпечамро гирифта, гирёну нолон роҳи хонаи модарамро пеш гирифтам. Гумон доштам, ки модарам маро ба оғӯш гирифта соҳибӣ мекунад, вале баробари аз дарвоза даромаданам кампир ҳавлиро ба сараш бардошта дод зад:
-Лаънатӣ, сағераи ҳаромиатро гирифта зуд аз дарвозаам баро, ки рангу рӯятро набинам! Ман аз ту барин фарзанде, ки шӯйи бекафану хушдомани аҷузаашро авло дониста, ба рӯйи модараш туф карда рафтааст, безорам. Оқат кардам! Сад бор оқат кардам...
Аз забони модари худ шунидани чунин таҳқирҳо аламро дучанд зиёд мекард. Аз хушдоман чи гила ҳар чи гӯяд ҳақ ба ҷониби ӯст гӯён гирякунон ба хонаам баргаштам. Суханони модарам беист дар гӯшҳоям садо медод. Удро бекасу танҳо ҳис мекардам. Шояд бекасу танҳоям сабаб шуда буд, ки пас аз ду сол муносибати Аҳмаду модарам оҳиста-оҳиста бо ман сард мегашт. Хушдоманам ҳар лаҳза ба писарам амр медод, ки ҷавоби ӯро деҳу як зани очаш мучи накарда гир. Ӯро маҷбури бо ту хонадор кардаанд. Назди Аҳмад ба зону зада зораю тавалло мекардам ки маро миёни роҳ нагузорад. Дигар ҷои рафтан надорам. Ба хотири писарам туро низ нигоҳубин мекунам. Аммо дар ин хона не. Ба хонаи иҷора меравем. Хурсанд шудаму рӯзи дигар Аҳмад мошин оварда кӯчу бандамро бор карда ба хонаи иҷора бурд. Он рӯз ӯ ба мо хӯроквории зиёде оварда дигар беному нишон гашт. Шабу рӯз роҳи ӯро мунтазир мешудам. Ба кӯча баромада бо занҳои ҳамсоя суҳбат мекардам. Дарди диламро баён мекардам. Онҳо бошанд ҳар кадомашон ба мо хӯрок меоварданд.Ман бошам ҳамаи гарданбанду чизҳои гаронбаҳоямро фурӯхта зиндагиамро пеш мебурдам. Ғайр аз саломатии писарам дигар чизе бароям арзиш надошт. Болои ин барои пардохти пули иҷора маро ором намегузоштанд. Зиндагиам торафт вазнин мешуд. Рӯзе тасодуфан дар роҳ бо як дӯсти Аҳмад вохӯрдам. Аз ӯ илтимос кардам, ки ба Аҳмад расонад ки омада пули иҷораро пардохт намояд. Ӯ бошад маъюсона ба рӯям нигариста Аҳмад бо тую тамошо ба хона зани нав овард гуфт. Фишорам якбора баланд шуд. Ба хона баргаштам. Фикр кардам дар хона шиштан ягон муродам ҳосил намешад. Субҳи барвақт писарамро гирифта ба хонаи ятимон бурдем. Илтимос кардам ки як муддат то ёфтани ҷои кор писарамро нигоҳубин кунанд. Сипас ба шаҳр баргаштам. Духтари деҳот будаму ба куҷо рафтану чи кор карданамро намедонистам. Дунёи қалбам холи буд. Ҳаросон ба ҳар тараф чашм медӯхтам. Азбаски духтари бениҳоят зебо будам, дар роҳ ҷавонписарони зиёде ба ман гап ҳамроҳ мекарданду рақами телефон мепурсиданд. Ман бошам фақат мегиристаму халос. Тули як ҳафта бекор гаштаму ниҳоят дар ошхонае ҳамчун пешхизмат ба кор даромадам. Ҷои зист надоштану саргузашти талхамро ба раиси корхона қисса кардам. Ӯ бошад маро дар кулбачаи назди он корхона ҷой доду, аз коргаронаш хоҳиш кард, ки маоши маро зиёдтар диҳанд. Тули як моҳ кор карда каме маблағ ҷамъ кардаму бо дастгирии раис рафта пули иҷораро пардохт кардаму кучу бандамро гирифта овардам. Писарамро хеле пазмон шуда будам. Акнун мехостам рафта ӯро ҳам гирифта ба наздам биёрам. Рӯзи дигар аз раис иҷозат гирифта барои овардани писарам рафтам. Ҳангоме, ки ба он ҷо расидам, мураббияи ӯро дида хоҳиш кардам ки барои бурдани писарам омадам. Ӯ бошад бо рангу рӯи парида писаратонро як мард ба фарзанди қабул кард гуфт. Бо шунидани ин сухан забонам лолу карахт шуд. Гап зада наметавонистам. Базӯр худро ба даст гирифта, ба сараш дол задам. Писарамро ёфта диҳед. Ман писари мепартофтагӣ надорам. Ман фоҳиша нестам, гӯён дод мезадам. Дере нагузашта як марди шикамкалоне омада маро аз дар тела карда берун кард. Рав аз ин ҷо. Сағераи ҳароми зоида дар кӯча партофта мегурезиву боз шарм надошта ба суроғаш меоӣ. Ҳамон тифли бегуноҳ ки худованд ба шумо додааст. Зора мекардам ки ман аз он духтарони бероҳа нестам. Гумони бад набаред. Дар бисотам танҳо як писар дораму халос. Онҳо маро намефаҳмиданд. Маро гунаҳгор ҳисобида аз он ҷо ронданд. Мисли ақлгумкардаю афтону хезон ба корхона омадам. Барои писарам дилам обу адо мешуд. Раис бошад маро тасалли медод. Нигоҳҳои ӯ пур аз муҳаббат буд. Аз суханони пур аз муҳаббати ин марди шикамкалон ҳис мекардам ки ӯ чи нақшае дорад. Ғам нахӯр ин дафъа фарзанди ба никоҳ таваллуд мекунӣ гӯён худро ба ман наздик кардан мехост. Хашмам нисбати раис зиёдтар мешуд. Пирхари беимон баробари бобоям пояш ба лаби гӯр расидаасту бо наберааш ишқварзӣ кардан мехоҳад, меандешидам ба худ. Ниҳоят ӯ ба ман таклифи хонадорӣ кард. Ман бошам ӯро рад кардам. Ман намехоҳам ба души хонаводаи шумо бор шавам. Шумо зану фарзанд доред. Сафсатагӯиро бас кун. Набошад аз кор меронамат дар кӯча мемонӣ. Хуб фикр кун чуҷаи парӣ. Тайёр шав бегоҳ муллоро оварда никоҳ мекунем гуфту баромада рафт.
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!