Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод аз раванди корҳои барқарорсозӣ дар деҳаҳои аз офати табиӣ зарардида боздид намуда, як қатор хонаҳои навбунёдро ба истифода супорид.
Дар деҳаи Бӯстон 6 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои пурра зарардида ва 3 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои қисман зарардида мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин, сохтмони 26 хонаи дигар идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Сарвазири мамлакат ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки дар ҷараёни сохтмон аз масолеҳи босифат истифода намуда, ба устувории биноҳо аҳамияти махсус диҳанд, то хонаҳо дарозмуддат хизмат намоянд.
Дар деҳаи Саричашма низ сохтмони 4 хонаи истиқоматӣ идома дошта, барои пурра таъмин намудани сокинони зарардида тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Дар деҳаи Кӯли Калон бошад, 9 хона барои оилаҳои пурра зарардида ва 2 хона барои оилаҳои қисман зарардида ба истифода дода шуд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар 32 хонаи дигар идома доранд.
Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва тақдими хонаҳо, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо сокинони осебдидаи ноҳияи Тоҷикобод мулоқот анҷом дода, зикр кард, ки сиёсати созанда ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки аҳолии зарардида дар муддати кӯтоҳ бо манзилҳои нав таъмин гарданд.