Arzon march 2024
«Оила» ва «Тоҷикистон»-маҳбубтарин нашрияҳои Тоҷикистон
1223

 

Ташкилоти ҷамъиятииМашварати расонавӣ” ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои ҳамдастӣ дар баргузории лоиҳаи “Муайян намудани афзалиятҳои расонавии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” изҳори сипос намуда, аз лоиҳаи мазкур натиҷагирӣ намудааст.

Дастандаркорони ин лоиҳа дар боби дигаргуниҳое, ки дар фазои иттилоотии кишвар ба амал омадаанд ва мушкилоте, ки имрӯз ВАО-и Тоҷикистон бо он бештар рӯ ба рӯ мегардад, тадқиқоти ҷолиберо анҷом дода, ҳамзамон бо гузаронидани назарпурсӣ дар байни аҳолӣ то кадом андоза миёни тамошобин, шунаванда ва хонанда шуҳрату маҳбубият доштани барномаҳои шабакаҳои гуногуни телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳои кишварро муаян кардаанд.

Тибқи натиҷаи назарпурсӣ дар байни шабакаҳои телевизионӣ беш аз ҳама “Телевизионӣ Сафина” шуҳрат долшта, 63%-и пурсидашудагон маҳз барномаҳои “ТВ-Сафина”-ро тамошо мекардаанд.

Зинаи дуюмро дар байни шабакаҳои телевизионии кишвар Шабакаи Аввали Телевизиони Тоҷикистон ишғол намуда, ба ҷонибдриаш 59% пурсидашудагон овоз додаанд.

Дар ин раддабандӣ телевизиони “Синамо” дар зинаи сеюм қарор дошта, 37% изҳор доштаанд, ки аз тамошои ин шабака хеле хушашон меояд.

Аз байни шабакаҳои телевизионии хориҷӣ GEM TV, телевизиони Ӯзбекистон ва шабакаи аввали Телевизиони Русия -РОССИЯ 1дар Тоҷикистон хеле машҳур буда, аксари пурсидашудагон маҳз ҳамин шабакаҳоро тамош мекардаанд.

 

Дар байни рӯзномаҳои давлатӣ се зинаи аввалро рӯзномаи “Ҷумҳурият”, “Омӯзгор” ва “Минбари халқ” ишғл намудаанд.

Миёни нашрияҳои хусусии Тоҷикистон бошад, ҳафтаномаи “Оила”, “Тоҷикистон” ва “Дилкушо” маҳбубияти зиёд дошта, се зинаи аввалро ишғол намудаанд. Ба ҷонибдории ҳафтаномаи “Оила” қариб нисфи пурсидашудагон, аниқтараш 47, 7 % овоз додаанд, ки аз маҳбубияти хеле зиёди “Оила” дар байни хонандагон дарак медиҳад. 34, 7%и пурсидашудагон мухлиси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” будани худро изҳор намуда, 13% пайваста “Дилкушо”-ро мутолиа мекардаанд. СССР дар ин раддабандӣ аз дигар нашрияҳои кишвар пеш гузашта, ба зинаи 4-ум баромадааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД