Имрӯз қарз гирифтан як амали маъмул дар зиндагӣ шудааст. Мардум барои хариди хона, мошин, таъмири манзил, таҳсили фарзандон ва ҳатто хароҷоти рӯзмарра қарз мегиранд. Қарз метавонад ба мо кӯмак кунад. Аммо агар дуруст истифода нашавад, мушкилоти зиёдро ба бор меорад. Бинобар ин, донистани қоидаҳои қарзгирӣ ва оқибатҳои он хеле муҳим аст.
Қарз чист?
Қарз ин маблағест, ки мо аз бонк ё шахси дигар мегирем ва ӯҳдадор мешавем, ки онро дар вақти муайян баргардонем. Агар бонк бошад, қарзро бо фоизаш мегирад. Рафиқ ё шахси наздик бошад, қарз бо подош ё туҳфаи хотиравӣ баргардонида шавад, беҳтар аст. Ин ҳам як эҳтиром ва муносибати хуби инсониро нишон медиҳад, то оянда боз дар вақти зарурат рафиқи шумо ҳангоми пурсидани қарз не нагӯяд.
Агар 10 000 сомонӣ аз бонк қарз гиред, ба ғайр аз ҳамин маблағ, боз фоизи онро ҳам бояд пардохт намоед. Агар фоизи солона 24% бошад, дар як сол барои 10 000 сомонӣ қарз тақрибан 2 400 сомонӣ фоиз пардохт мекунед. Яъне, дар умум ба бонк 12 400 сомонӣ бармегардонед.
Чӣ гуна қарзро дуруст гирем?
Аввал аниқ кунед, ки чаро қарз лозим аст. Агар он барои чизе бошад, ки оянда фоида меорад, масалан хона, таҳсил, тиҷорат, қарз асоснок аст. Аммо агар танҳо барои хароҷоти муваққатӣ бошад, беҳтар аст, ки хуб фикр кунед.
Даромад ва хароҷоти худро ҳисоб кунед. Пеш аз қарз гирифтан фаҳмед, ки моҳе чанд сомонӣ даромад доред ва оё метавонед қисман барои пардохти қарз ҷудо намоед.
Шартҳои қарзро бодиққат хонед. Фоиз, ҷарима барои таъхир ва мӯҳлати баргардонидани он муҳиманд.
Қарзи зиёд нагиред. Мутахассисон мегӯянд, ки қарзи моҳона набояд зиёда аз 30% даромади умумии оиларо ташкил диҳад.
Пулро танҳо барои мақсади муайян сарф кунед. Агар барои таъмири хона қарз гирифтаед, онро ба хариди ашёҳои нолозим сарф накунед.
Агар қарз мақсаднок истифода нашавад...
Агар қарзи бонкро мақсаднок, дуруст истифода набаред, фоиз ва ҷаримаҳо зиёд мешаванд. Як қарзи хурд метавонад ба маблағи калон табдил ёбад. Агар саривақт пардохт накунед, оянда дигар бонкҳо ба шумо қарз намедиҳанд. Яъне, шумо дар рӯийхати ба иборае “сиёҳ” ворид мешавед. Ин маънои онро дорад, ки бонкҳо аз шумо ҳуҷҷатҳои зиёд талаб мекунанд ё аз додани қарз худдорӣ мекунанд. Чунки бонкҳо низоми ягона мавҷуд аст ва маълумоти зарурии мизоҷ, аз ҷумла таърихи қарз дастрас аст.
Баъдан, фишори равонӣ зиёд мегардад. Шахс метавонад зери қарз оромии равонӣ ва муносибатҳои оилавиро аз даст диҳад. Амвол аз даст меравад. Агар қарз гарав дошта бошад, мисол, хона ё мошин, бонк метавонад онро аз шумо гирад.
Маслиҳатҳои оддӣ, аммо муфид
Пеш аз қарз гирифтан кӯшиш намоед, ки пул ҷамъ кунед.
Танҳо миқдоре қарз гиред, ки баргардониданаш имконпазир аст.
Ҳар моҳ маблағи қарзро аввал аз ҳама ҷудо кунед, то таъхир нашавад.
Агар мушкил пеш омад, бо корманди бонк саривақт тамос гиред. Бисёр вақт мумкин шартҳои қарзро тағйир диҳанд.
Қарз метавонад ҳам дӯст бошаду ҳам душман. Агар мо онро бо ақл ва нақша истифода барем, метавонад ба орзуҳои мо кӯмак кунад. Аммо агар беандеша қарз гирем, оқибат метавонад бисёр вазнин шавад.
Ҳар вақт, пеш аз қарз гирифтан ин саволро ба худ диҳед: Оё метавонам онро саривақт баргардонам? Агар ҷавоб "ҳа" бошад, пас қарз гирифтан мумкин аст. Агар "не" бошад, беҳтар аст, ки аз он даст кашед. Беҳуда нагуфтаанд, ки “кӯрпаро нигоҳ куну пойро дароз”.
Усмон Раҳимзода