Sebiston new 2024 october
Қоидаҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд риоя намоянд
1138

Салом! Ман ҷавони 18-сола ҳастам ва ба наздикӣ мактаби миёнаро хатм намудам. Азбаски шароити иқтисодии оилаамон вазнин аст, имкони ба ягон донишгоҳ ё донишкада дохил шуда, идома додани таҳсилро надорам. Падарам маъюб аст. Мехоҳам ба Русия мардикорӣ рафта, каме ҳам бошад, шароити зиндагиамонро беҳтар созам, вале дар он ҷо ягон шинос ё хешу табор надорам, ки дар ёфтани ҷойи кор ва тахт кардани ҳуҷҷатҳо ба ман ёрӣ расонад. Мегӯянд, ки барои ба қаламрави Россия дохил шудан, пеш аз ҳама ташхиси изи ангуштонро гузаштан лозим аст. Мегуфтед, ки ин ташхис дар куҷо гузаронида мешавад ва арзишаш чанд аст? Умуман, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

И. Н.

Посух:

- Русия қонунҳои муҳоҷиратии худро рӯз то рӯз пурзӯртар гардонида истодааст. Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, бояд қонунҳои Русияро нағз омӯзанд, риоя кунанд, фарҳанг ва урфу одатҳои мардуми маҳаллиро эҳтиром намоянд. Барои муҳоҷирати бехатар ба Федератсияи Русия шумо бояд:

1. Забони русиро хуб омӯзед. Тибқи қонунҳои нави ин кишвар, ҳатто аз шахсоне, ки сертификати донистани забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи русро доранд, имтиҳон гирифта мешавад. Муҳоҷир ба саволҳо ҷавоб дода натавонад, патенташро бекор карда, ӯро аз қаламрави Россия ихроҷ менамоянд.  

2. Дактелоскопия ё ташхиси изи ангуштон барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмӣ мебошад. Шумо метавонед ба намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Россия дар Тоҷикистон, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷойгир шудааст, муроҷиат намуда, аз дактелоскопия гузаред.

3. Роҳи аз ҳама осон ва қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ин муҳоҷирати мутташакилона мебошад. Метавонед ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ (Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон) муроҷиат намоед. Дар он ҷо шуморо номнавис карда, барои ёфтани кори муносиб дар Русия ёрӣ мерасонанд. Шахсоне, ки тавассути маркази мазкур ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, дактелоскопия ва дигар амалиётҳои заруриро ба таври ройгон мегузаранд.  

4. Муҳоҷирони меҳнатие, ки ба таври мутташакилона, яъне гурӯҳӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ аҳолии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират, Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон ва дигар идораҳои расмӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристода мешавнад, дар аксари ҳолатҳо хароҷотҳои ҳуҷатгузорӣ ва маблағи чиптаи ҳавопайморо худи корфармо пардохт менамояд. Муҳоҷирон бо ҷойи хоб таъмин карда мешаванд.    

5. Баробари расидан муҳоҷир бояд ҳатман худро дар Русия дар қайди муҳоҷиратӣ гузорад.

6. Гирифтани патент ва иҷозатномаи кор ҳатмист.

7. Бо корфармо ҳатман шартномаи хаттӣ бандед, то ки фиреб нахӯред. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд андозаи музди меҳнат, рӯзу соатҳои корӣ ва дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корфармо ва коргар зикр карда шаванд. Дар сурати музди меҳнататонро надодани корфармо шумо метавонед ба суд муроҷиат намуда, тибқи шартномаи меҳнатӣ ҳаққи заҳмати худро рӯёнида гиред.

8. Бидуни патент ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ кор накунед, зеро мувофиқи қонунҳои нави муҳоҷиратии Россия муҳоҷирони меҳнатие, ки ба таври ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд, номашон ба реестри махсус гузаронида шуда, аз ин кишвар бадарға карда мешаванд.

9. Ҳангоми истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёт шавед. Дар зери ҳар гуна маводҳое, ки характери ифротгароёнаи динӣ доранд, шарҳ нанависед, лайк нагузоред ва умуман ба чунин сомонаю саҳифаҳо ворид нашавед. Фаромӯш накунед, ки барои ҷонибдорӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ташкилоҳои ифротию террористӣ ҷазои сангин пешбинӣ шудааст.

10. Вақтҳои охир мақомотҳои қудратии Россия тез-тез дар нуқтаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ амалиёт-рейд мегузаронанд. Ҳангоми чунин рейдҳо нотарсона ба саволҳо ҷавоб диҳед ва нагузоред, ки ҳуқуқҳоятон поймол карда шаванад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД